МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛУ БИНГ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
Имрӯз, 9 январ, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори шикати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В. дар Тоҷикистон Лу Бинг мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
Ширкати СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В. дар Тоҷикистон лоиҳаи худро дар соҳаи истихроҷи нафту газ дар минтақаи Бохтар амалӣ намуда истодааст.
Ширкати мазкур барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дорад ва барои амалишавии ин лоиҳа корҳои тадқиқотӣ анҷом дода истодааст. Соҳаи нафту газ ҷузъи муҳими комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишвар буда, дар қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти нафтӣ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ нақши арзанда дорад.
Зимни мулоқот аз рушди муносибатҳо ёдовар шуда, баҳри тақвият додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00