Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ СИТОД: "АЗ ПАҲНШАВИИ МАЛАХИ МАРОКАШӢ ПЕШГИРӢ МЕБОЯД"


ҶАЛАСАИ СИТОД: "АЗ ПАҲНШАВИИ МАЛАХИ МАРОКАШӢ ПЕШГИРӢ МЕБОЯД"




8 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, М.С.А.Ҳамадонӣ, Ёвон, Шаҳритус, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Темурмалик ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ иштирок намуданд. 

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ эҳтимоли паҳншавии малах дар ноҳияҳои кӯҳистон вуҷуд дорад, аз ин рӯ, сар аз имрӯз барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳо андешида шавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш бо мақсади омодагӣ ба мавсими мубориза бар зидди малах, муҳофизати майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин, ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулон супориш дод, ки талаботҳои амри раиси вилоят оид ба Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах таъмин карда шаванд, дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир аз малах ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ таъсис дода шуда, вазифаи ҳар як узви Ситод мушаххас гардида, дар мавсими мубориза бар зидди малах ба камбудиҳои соли гузашта роҳ дода нашавад. 

Инчунин, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки барои пурра сафарбар намудани раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, дигар заминистифодабарандагон, инчунин, дар сурати зарурат ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳия, новобаста аз шакли моликият, ба чорабиниҳои мубориза бар зидди малах тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Роҳбарони филиалҳои Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин мушоҳидаҳои зимистонаро оид ба муайян намудани мавзеъҳои тухмгузории малах ба анҷом расонанд, дар ҳар як шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян ва коркарди техникиро дар ин мавзеъҳо ба роҳ монанд, дар ҳамкорӣ бо сохтори болоии худ ҷиҳати саривақт таъмиру омода кардани техникаю мошинолоти корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ҷиҳати таъмиру омода кардани мошинаи обкашонии КВД “Хоҷагии манзилии коммуналӣ”-и шаҳр ва дар мавсими мубориза бар зидди малах сафарбар кардани он чораҳои зарурӣ андешанд.

Бояд зикр намуд, ки корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешавад.

Ба назари мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзӣ мефарояд.

Ситоди мубориза бар зидди малах ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон таъсис дода шуда, ҳамасола ҷиҳати пешгирӣ аз хурӯҷи малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас мегардад. 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулон вобаста ба масъалаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки оид ба пешгирии домангустарии ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода