Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳамоиши ба муносибати Рӯзи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия


Ҳамоиши ба муносибати Рӯзи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия




Имрӯз, 8 январ, дар Кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Рӯзи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши муҳим муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон генерал-майори адлия Аваззода Шараф Тавар, кормандони мақомоти мазкур, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Чорабинӣ бо суханронии муовини раиси вилоят Ҷамшед Каримзода оғоз ёфт. Ӯ ҳозирин ва кормандони Агентиро аз номи раиси вилоят бо иди касбиашон самимона табрик гуфт. Ҷамшед Каримзода нақши муассири ин ниҳодро дар таъмини шаффофият, мубориза бо фасод ва пешрафти низоми идоракунии давлатӣ таъкид намуда, фаъолияти пурсамари кормандони мақомоти мазкурро дар ин самт бо суханҳои пурмеҳр тавсиф кард.




Баъдан, генерал-майори адлия Шараф Аваззода ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Раёсат дар вилояти Хатлон маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки соли гузашта теъдоди зиёди ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор ва пешгирӣ шудаанд, ки ин нишондиҳандаи фаъолияти самараноки кормандони Агентӣ мебошад. Сардори Раёсат нақшаҳои кориро барои солҳои оянда ироа намуда, аҳамияти ҳамкориҳои зич бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаро барои паст кардани сатҳи коррупсия муҳим арзёбӣ кард.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли Агентӣ барои хизмати шоиста ва саҳми назаррасашон дар мубориза бо коррупсия бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Ин иқдом ҳамчун нишони эътирофи заҳмати шабонарӯзии онҳо пазируфта шуд.

Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии ҷолиб, ки бо иштироки ҳунармандон омода шуда буд, идома ёфт. Ин барнома ба рӯҳияи ҳозирин шукӯҳи нав бахшида, боиси ҳаловати онҳо гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода