Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАМОИШИ ЗАНОНУ ҶАВОНДУХТАРОН ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ


ҲАМОИШИ ЗАНОНУ ҶАВОНДУХТАРОН ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ



Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ ҳамоиши занон ва ҷавондухтарон таҳти унвони "Занон ва Паём" ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Файзиддинзода Бунафша - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анзурат Абдусаломзода- муовини раиси вилояти Хатлон, Шарифзода Ҷамшед - раиси ноҳия ва занону духтарони фаъоли шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, иштирок карданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш, намоиши дастовардҳо дар самти ҳунарҳои мардумӣ, ки соҳиби Гранти Президентӣ шудаанд ва ғолибони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", ки соҳиби ҷойҳои якуму дуюму сеюм дар номинатсияҳои гуногуни озмун дар соли 2024 гардида буданд, пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

Сипас, ҷаласаро раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд ва ҳадафи баргузории ҳамоишро ба ҳозирин шинос кард.

Файзиддинзода Бунафша, дар суханронии худ оид ба мавқеи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқтаҳои асосии Паёми имсоларо бо овардани арқоми мушаххас дар самти пешравиҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", иҷроиши Барномаҳои давлатӣ дар самти рушди оила ва пешгирии хушунати оилавӣ, тарзи гирифтани Грантҳои Президентӣ дар самти рушди  ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили корхонаҳо бо ҷалби занону духтарони қобили меҳнат ва дигар паҳлуҳои чӣ тавр баланд бардоштани мавқеи зан дар Тоҷикистонро ироа намуд.

Абдусаломзода Анзурат низ дар суханронии худ оид ба самтҳои пешравӣ дар хоҷагии   халқи мамлакат ва натиҷаҳои рушди вилоят дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла гирандагони Гранти Президентӣ ва Гранти Раиси вилоят дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пешравӣ дар корхонаҳои истеҳсолиро таъкид доштанд.

Аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯз дар соҳаҳои хоҷагии вилоят, таҳти сиёсати созанда ва марифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят 50 ҳазор бонувону занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд. Дар соли 2024 тибқи нақшаи кории ҳукумати вилоят "Усули хона ба хона" роҳандозӣ гардид, ки дар натиҷа гурӯҳҳои корӣ аз 531 ҳазор оила боздид намуданд. Натиҷаи ҳамин вохӯриҳо буд, ки дар сафарбарии хизмат ба артиш дар тирамоҳи 2024 сол вилоят дар рӯзи якуми сафарбарӣ нақшаи даъватро иҷро намуд. Инчунин, оид ба дастгирӣ ва дар амал иҷро намудани бандҳои Қонунҳо "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи танзими ҷашну маросим" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирокчиёни ҳамоиши мазкур, даъват ба амал оварданд.
Пас аз ҷаласа, ба як қатор собиқадорон ва фаъолзанони шаҳру ноҳияи Кӯлоб Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон ботантана тақдим карда шуд.

Барномаи консертӣ, ки аз тарафи Бахши раёсати фарҳанги ноҳия ва Театри мусиқӣ мазҳакаи ба номи Саидалӣ Вализода пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ба ҳамоиш ҳусни дигар зам намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода