Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Моҳи январ гармтар мешавад?


Моҳи январ гармтар мешавад?



Моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ шуда, ба  ҳавои  моҳи  январи  соли  2000  монанд  аст.  Дар  водиҳо,  ноҳияҳои кӯҳӣ  ва  дар  баъзе  ноҳияҳо  ҳарорати  ҳаво  аз  меъёри  иқлимӣ  аз  1 то  2  дараҷа  баланд  мешавад.  Дар  рӯзҳои  алоҳидаи  моҳ  пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Тавре  ки  дар  Агентии  обуҳавошиносии  мамлакат  хабар  доданд, дар вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2  дараҷа  баландтар  пешгӯӣ  шуда,  дар  водиҳо  4+5  ва  дар  ноҳияҳои доманакӯҳ 1+2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ  пастшавии  ҳарорати  ҳаво  пешгӯӣ  шуда,  дар  водиҳо  шабона  6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода