Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳамовозӣ ба ташаббуси маърифатпарварона


Ҳамовозӣ ба ташаббуси маърифатпарварона




Дар  Донишгоҳи  давлатии  Кӯлоб  ба  номи  Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ бо  ҷонибдорӣ  аз  сиёсати  хирадмандонаву  маърифатпарваронаи  Сарвари  давлат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамоиши  ҳайати устодону  донишҷӯён  дар  ҳошияи  ба  тасвиб  расидани  Амрҳои Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  баргузории  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 зери унвони  «Ташаббусҳои  Пешвои  миллат  ва  рушди  фарҳангу  маънавиёти ҷомеа» ҳамоиш баргузор гардид.

Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштанд, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа омили муҳим ва нақши муассир дошта, имтиёзоти муқарраргардида барои ғолибон шуълаи умед ва талоши бештарро дар қалби насли наврас афзун гардонидааст.

Изҳор гардид, ки тайи чанд соли охир таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  Озмунҳои  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» баргузор мегардад, ки дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ,  дарёфти  истеъдодҳои  нав,  тақвияти  неруи  зеҳнӣ,  дарёфти  чеҳраҳои  нави  суханвару  сухандон,  арҷгузорӣ  ба  арзишҳои  миллию фарҳангӣ, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, навоварӣ ва дар рушди ҷаҳони маънавии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода