Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Оғози омодагӣ ба даъвати баҳорӣ-2025


Оғози омодагӣ ба даъвати баҳорӣ-2025




Бо  мақсади  тақвият  бахшидан  ба  чорабиниҳои  ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  мутахассисони  касбӣ  аз  ҳисоби  даъватшавандаҳо, қарори  раиси  вилояти  Хатлон  Давлаталӣ  Саид  “Дар  бораи  тайёр  намудани  мутахассисон  барои  Қувваҳои  Мусаллаҳ  дар  даъвати баҳории соли 2025” ба тасвиб расид.

Тибқи  ин  қарор,  раисони  шаҳру ноҳияҳо,  комиссариатҳои  ҳарбӣ  ва сохторҳои  Ташкилоти  ҷамъиятии  мададгори  мудофиа  (ТҶММ)  илова  ба  нақшаи Вазорати  мудофиаи  кишвар  оид  ба ҷалби  ҷавонон  ба  хизмати  ҳатмии  ҳарбӣ ва  ҳамчунин  ҳавасмандгардонӣ  барои интихоб  ва  пурра  намудани  курсҳои кутоҳмуддати  ронандагӣ  барои  Артиши миллӣ дар сохторҳои Кумитаи ТҶММ-и вилояти Хатлон бояд на камтар аз 30 фоизи нақшаи даъвати баҳории соли 2025-ро амалӣ  ва  маблағгузории  онро  аз  ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд.

Ҳамзамон, дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ зиёда аз 300 нафар даъватшавандаҳо дар курсҳои ройгони  ошпаз,  тракторчӣ,  барқчӣ, кафшергарӣ  ва  дигар  ихтисосҳои  барои Қувваҳои  Мусаллаҳ  зарур  таҳсил  хоҳанд кард.

Тибқи дастури раиси вилоят Давлаталӣ Саид, оид ба баланд бардоштани рӯҳияи меҳандӯстиву  ватанпарварии  ҷавонон чорабиниҳои  ташвиқотӣ  гузаронида шуда,  шиносоии  шунавандагони  курсҳои ронандагӣ  бо  шароити  хизмат,  техникаи ҳарбӣ,  қисмҳои  низомие,  ки  дар  ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгиранд, пешбинӣ гардидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода