Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » "Паём ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ"


"Паём ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ"





Таҳти ин унвон дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, омӯзгорон, ҷавонон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода суханронӣ намуда, аҳамияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ таъкид кард. Мавсуф зикр намуд, ки Паём на танҳо як ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди кишвар мебошад, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлатӣ хизмат мекунад.

Муовини раиси вилоят иброз дошт, ки дар Паёми навбатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардидаанд. Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия, саноатикунонии босуръат, беҳтар кардани шароити зисти мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон аз вазифаҳои муҳим мебошанд.



Сипас, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Ҳукмиддин Сафарбекзода доир ба нақши илму маориф дар тарбияи насли огоҳ ва ватандӯст суханронӣ намуда, саҳми ҷавононро дар таҳкими амният ва суботи давлатӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки зимни ироаи Паёми худ Президенти кишвар ба маориф ва илми муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳадафи асосии давлат тарбияи ҷавонони дорои ҷаҳонбинии васеъ ва дониши амиқ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ дигар фаъолон, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва устодони донишгоҳ, фикру андешаҳои худро дар робита ба масъалаҳои муҳими Паём баён доштанд. Онҳо таъкид карданд, ки татбиқи нуқтаҳои Паём метавонад ҷомеаро ба сӯйи пешрафти устувор ва ҳифзи арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ намояд.



Ҷамъомади мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум ҷамъбаст гардида, иштирокдорон зарурати иҷрои амалии нуқтаҳои Паёмро барои рушди минбаъдаи кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Ин вохӯрӣ нишон дод, ки Паёми Президенти кишвар на танҳо роҳнамо барои сиёсатмадорон ва роҳбарони соҳаҳо, балки ҳуҷҷате мебошад, ки ҳар як шаҳрванди кишварро ба амалҳои созанда ва ҳадафҳои нек ҳидоят мекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода