Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЭКСТАЗИ (КРИСТАЛЛ ВА MDMA) – ХАТАРИ НАВ БА ҶОМЕА?


ЭКСТАЗИ (КРИСТАЛЛ ВА MDMA) – ХАТАРИ НАВ БА ҶОМЕА?




Дору, кристалл, колёсики, экстази…ин дорувори мадҳушкунанда аст, ки тамомии шабҳо дар аксари тарабхонаву дискотекаҳои шаҳр дар гардишанд ва аз он бештар ҷавонон ва аз ҳама бештар бонувон истифода мекунанд. 

Экстази (кристалл ва MDMA) – хатари нав ба ҷомеа?

Чанд соли ахир мафҳумҳои нави «экстази», «кристал» ва MDMA дар байни мардуми мо ҳам мӯд гаштааст. Агар масалан даҳсолаҳо пеш маводи мухаддир, нашъа, чарс, афюн ё кукнор мегуфтанду зери он ҳамагӣ мефаҳмиданд, ки чист, ҳоло бошад маводи нави муосир, ба гуфти гузаштагон аҷоибу ғароиб пайдо ва мӯд шуда истодааст, ки таъсирнокиашон ба рӯҳу ҷисми инсон аз ҳамон чарсу афюну нашаъи қадимӣ дида, ба маротиб бештар аст.

Экстази – кристал – MDMA чист? Он чи гуна ба саломатии инсон зарар меоварад? Чаро аз воридоти он ба кишвар пешгирӣ карда намешавад?

Экстази ва зарари он

Бино ба иттилои мутахассисони соҳаи фармасевтӣ экстази ин 1 намуди маводи мухаддири синтетикӣ буда, ба системаи марказии асаб таъсири зиёд дошта, табъи касро болида, рӯҳбаланд ва инсонро пурэнержӣ менамояд. Номи дигари ҳабҳои экстази – «Метаамфитамин» (MDMA) мебошад. Онро нахустин бор соли 1912 кимиёшиноси олмонӣ Антон Кёлиш барои муолиҷаи бемории хун кашф карда буд.
Ин гуна мавод ҳоло бештар дар байни ҷавонон машҳур буда, асосан дар тарабхонаҳои шабона ва клубҳо истифода ва истеъмол карда мешаванд. Дар оғози пайдоиш ҳабҳои экстазиро дар клубҳои шабона барои рақс кардан истифода мебурданд ва номашон низ «ҳабҳои рақсӣ» буд.

Метилендиоксиметамфетамин (MDMA) – ро аз маводи амфетамин дар лабораторияҳои пинҳонӣ дар намуди ҳаб, капсула ва хока истеҳсол мекунанд. Истеъмоли онҳо касро серғайрат, нотарсу далер карда, ҳамзамон ба саломатии инсон зарари манфӣ мерасонад. Аммо кам касон медонанд, ки экстази ақлонияти инсонро кам ва эҳсоси тарсу ваҳмро боло бардошта, ба табъ, завқ, фикрронӣ, энержӣ, нафс ва ҳатто ба шаҳвоният таъсири манфии худро мегузорад.

Таъсири экстази баъди 30 дақиқаи истеъмол сар шуда, ҳолати рӯҳии инсонро аз 3 то 6 соат дигаргун месозад – инсон шоду хушҳол ва далеру нотарс ба ҳама кор қодир мешавад.

Истеъмоли пайвастаи он одами вобасташударо ҳамеша дар ҳолати сархушӣ нигоҳ медорад. Агар дар рӯзҳои аввали истеъмол худро пуриқтидору нотарсу далер эҳсос кунад, пас аз истеъмоли пайваста аллакай заифу сархушу нотавон мегардад, худро идора карда наметавонад. Ҳолати изтирорӣ, бехобӣ, хастагӣ, стресс ва хоболудӣ инсонро фаро мегирад. Ақл оҳиста – оҳиста аз кор монда, ҳофиза ҳам коста мегардад.

Тавре дар боло гуфта шуд, истеҳсоли экстази ё кристалҳо дар лабораторияҳои пинҳонӣ сурат гирифта, дар дохили онҳо иловаҳои заҳрогини кимиёӣ зиёд аст. Нафароне, ки бори аввал аз экстази истифода мебаранд, таъсири онро ба зудӣ наметавонанд бифаҳманд. Агар экстазиро бо алкогол – арақу пиво якҷоя карда нушанд, он ҳатман таъсири манфӣ (то аз кор мондани дил ва рагҳои майнаи сар) меорад.
1 ҳолати дигар он аст, ки экстази аз организми инсон пас аз 8-9 соати истеъмол хориҷ шуда, пасмондаҳои он дар хуни инсон боз 1-2 рӯзи дигар дар гардиш «зинда» боқӣ мемонанд.

Истифодаи оммавии экстази аз солҳои 80-уми асри гузашта дар клубҳои шабонаи Амрико ва Канада сар шудааст. Истеҳсоли он дар шакли нав – сахттаъсиртаринаш,  аз солҳои 2002-2004 маншаъ мегирад.

Дар яке аз ҳисоботҳои СММ гуфта мешавад, ки содироткунандаи асосии воситаҳои нашъадори сунъӣ ИМА, Канада, Голландия, Руминия, Болгария, Украина, Чин, Индонезия, Чехия, Эстония ва Россия мебошанд. Аз рӯи бархе аз маълумотҳо дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ лабораторияҳои пинҳонӣ пайдо шудаанд, ки ба истеҳсоли ғайристандартии экстази машғуланд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва истеъмоли ҳар гуна воситаи маводи мухаддираро манъ мекунад, яъне истеҳсоли экстази дар қаламрави ҷумҳурӣ ғайрқонунист. Вале аз хабарҳои ВКД ҶТ бармеояд, ҳабҳои экстази имрӯз дар ҳудуди кишвар ба фурӯш гузошта шуда, ҷавонон аз он истифода менамоянд. 

Тафсилоти бештар - https://sssr.tj/ekstazi-kristall-va-mdma-khatari-nav-ba-jomea/?fbclid=IwY2xjawHkfBRleHRuA2FlbQIxMAABHdcLbrL4YwjLe6gfxZ07Peiajx06R2Tbh1_c5GZDdcA7FziYSJUydL5AzQ_aem_fE29cWM7H7I7HLyFBFCmLQ 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода