Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Ситоди пешазинтихоботӣ дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 34
Дар шаҳри Бохтар маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон ва аввалин ҷаласаи Ситоди пешазинтихоботии ҳизб баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Ҷамшед Саидзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят, аъзои Раёсати Кумита ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Ҷамшед Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб, дар суханронии худ зикр кард, ки 2 марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки бо мақсади омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ Ситоди пешазинтихоботии ҳизб таъсис дода шудааст ва корҳо тибқи нақша идома доранд.
Ҳамчунин, дар маҷлис таъкид шуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабр ироа гардид, тамоми самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро фаро гирифта, ҳамчун роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи ҳизб хизмат хоҳад кард.
Анзурат Абдусаломзода дар суханронии худ қайд намуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Тоҷикистон мизбони як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ буд. Инчунин, дар ин сол як қатор иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят таъсири мусбат расониданд.
Дар ҷаласаи Ситоди пешазинтихоботӣ аъзои ситод ва фаъолони ҳизб масъалаҳои муҳими омодагӣ ба интихоботи дарпешистода, аз ҷумла татбиқи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбро баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки ниёзу хостаҳои мардумро фаро мегирад, яке аз воситаҳои муҳими ҷалби эътимоди интихобкунандагон хоҳад буд.
Дар маҷлис масъулин даъват гардиданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар таъмини шаффофият ва иштироки фаъолонаи интихобкунандагон саҳм гузоранд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00