Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗИ 1 ЯНВАР ДАР ДАНҒАРА 14 КӮДАК ТАВАЛЛУД ЁФТ


РӮЗИ 1 ЯНВАР ДАР ДАНҒАРА 14 КӮДАК ТАВАЛЛУД ЁФТ



Муовини раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода ва дигар масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, бахусус муҳтарам Пешвои миллат ба шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказӣ ва беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ дар ноҳия омада, модаронеро, ки дар рӯзи 1 январ тифл ба дунё овардаанд, аёдат намуданд.

Модарони тифлони навзодро ба муносибати Соли нави мелодӣ таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва анвои шириниҳо тақдим карда шуд.

Дар ин рӯз 14 тифл дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, аз онҳо 10 писар, 4 духтар, яъне 71%-ро писарон ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода