Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чаро соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид?


Чаро соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид?



Бо ташаббуси пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ_Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  соли  2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.Максад аз эълон намудани ин сол баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон,мустаҳкам намуда-ни институти ҳуқуқи инсон мебошад.

Парвиз  Музаффарзода,  муовини  декани факултети  сиёсат  ва  идораи  давлатии  ДДБ ба  номи  Носири  Хусрав,  чунин  иброз  медорад: «Мафҳуми маърифат ин дониш, илм,  фарҳанги  инсон  дар  ин  ё он  самт  ба  ҳисоб  меравад. 

Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ масъалае мебошад, ки мо шаҳрвандони  Тоҷикистон ё ашхоси дигаре, ки дар кишвар  зиндагӣ  мекунанд, чӣ гуна ақида дар бораи  ҳуқуқ  ва  тасни-фоти  ҳуқуқиро  доро бошанд. 

Эълон  гардидани соли  2024  «Соли  маърифати  ҳуқуқӣ  «барои ҳаёти  шаҳрвандони  кишвар  яке  аз  масъалаҳои асосӣ  буда,  арзиши  олии ҳуқуқҳои  инсон  дарк  карда мешавад ва ба болоравии сатҳи маърифати шаҳрвандон дар зами-наи  бунёди  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  оварда мерасонад».

Самандар  Раҷабализода,  омӯзгори  кафедраи  сиёсатшиносӣ  ва  муносибатҳои байналхалқии  факултети  сиёсат  ва  идораи давлатии  ДДБ  ба  номи  Носири  Хусрав  чунин ибрози андеша дорад: «Мақсад ва ҳадафи асо-сии  «Соли  маърифати  ҳуқуқӣ»  пеш аз  ҳама,  бархурдор  будани  узви ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳуқуқҳои фитрии худ ва риоя намудани санадҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ аз  ҷониби  шаҳрвандон ба  ҳисоб  меравад.  Ри-ояи  санадҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ  аз  ҷониби ҷомеаи  шаҳрвандӣ боис  мегардад,ки шароити  иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва си-ёсии  кишвар  ташаккул ёфта, пеш равад. Баъди эълон  гардидани  соли 2024  ҳамчун  «Соли  маърифати  ҳуқуқӣ»  аз  ҷониби Ҳукумати  мамлакат  як  қатор барномаҳо,  стратегияҳо  ва нақша-чорабиниҳо  бо  мақсади  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардид. Аз эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бархе  аз  шаҳрвандон  дар  воқеъ  дарк  намуданд, 

ки бояд ҳар як шахс дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ  бошад  ва  санадҳои  меъёрию  ҳуқуқиро риоя намояд».

Зарурияти  асосии  эълон  гардидани  соли 2024  «Соли  маърифати  ҳуқуқӣ»  ин  баланд бардоштани  фаҳмиши  ҷомеаи  шаҳрвандӣ аз  лиҳози  ҳуқуқӣ  мебошад.  Яъне  мақсад  ва ҳадафи  асосии  қабули  қонуни  мазкур  дар  он аст, ки ҳар як шаҳрванд аз санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бохабар бошад.

Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд,  ки  дар  давоми  як  сол  дар  мамлакат  як  такони  ҷиддӣ  дар масъалаи  риоя  гардидани  санадҳои  меъёрию ҳуқуқӣ  дар  масъалаи  ба  танзим  даровардани низоми  муносибатҳои  ҷамъиятӣ  рӯи  кор  омада,  ҳамчунин,  дар  миёни  ҷомеаи  шаҳрвандӣ қонуншиканиҳо  нисбат  ба  солҳои  гузашта  кам содир  шудааст.  Албатта  бо  эълон  гардидани соли  2024  «Соли  маърифати  ҳуқуқӣ»  натиҷаи хубе ба бор овардааст.

Рафоат ШАРИФЗОДА,
коромӯзи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода