Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВАКИЛОН ПЕШНИҲОДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНРО ЯКДИЛОНА ДАСТГИРӢ КАРДАНД


ВАКИЛОН ПЕШНИҲОДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНРО ЯКДИЛОНА ДАСТГИРӢ КАРДАНД




12 декабр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар муқаддимаи ҳисоботи худ ба ҳамаи фаъолон, соҳибкорон ва сокинони ватандӯсти вилоят дар дастгирии ҳаматарафа аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, барои дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуд.

Роҳандозӣ намудани тадбирҳои муайян ва меҳнати софдилонаи заҳматкашони вилоят мусоидат кард, ки дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ба 27,9 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ҳиссаи он дар таркиби маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 27,2 фоиз баробар гардид.

Дар ин давра ҷамъоварии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2,5 миллиард сомониро ташкил дода, иҷрои он 92,1 миллион сомонӣ бештар таъмин гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 2.4 миллиард сомонӣ ё 89,8%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) равона карда шуданд. 

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати асосиро ба масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи истеҳсолӣ равона намуд, ки дар натиҷа, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 17 банди фоизӣ афзуда, ба 1776,4 сомонӣ баробар шуд, - зикр намуд раиси вилоят. - Дар маҷмуъ, давоми 5 соли охир дар вилоят ҳисоби миёнаи музди меҳнат наздик ба 75 фоиз (аз 1016,5 сомонии соли 2020 ба 1776,37 сомонӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ) ва ҳисоби миёнаи нафақа 50 фоиз зиёд гардидааст.   
Мониторинги ҷараёни татбиқшавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ нишон дод, ки дар 174 лоиҳа корҳо ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ иҷро гардидааст.

Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғоз зиёда аз 1,7 миллиард доллар барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ирригатсия ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулода ва сайёҳӣ равона гардидааст.

Аз ин ҳисоб ба соҳаҳои маориф 8 лоиҳа ба маблағи 55,8 миллион доллар, кишоварзӣ 2 лоиҳа ба маблағи 10,5 миллион доллар, экология ва ҳолатҳои фавқулода 4 лоиҳа ба маблағи 19,5 миллион доллар, иригатсия ва обёрӣ 4 лоиҳа ба маблағи 54,8 миллион доллар, хоҷагии манзилию комуналӣ 5 лоиҳа ба маблағи 51,5 миллион доллар, нақлиёт 5 лоиҳа ба маблағи 197,1 миллион доллар, тандурустӣ 6 лоиҳа ба маблағи 74,5 миллион доллар, энергетика 9 лоиҳа ба маблағи 591,3 миллион доллар ва дигар соҳаҳо (гумрук, молия, сайёҳӣ) 2 лоиҳа ба маблағи 23 миллион доллар рост меояд.

Айни замон дар вилоят 52 ташкилоту корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият дошта, бештари маблағҳо аз Россия, Чин ва Эрон ворид гардидааст.

Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ ба 407 миллион доллар расонида шуд, ки аз ин нишондиҳанда 188,5 миллион доллар содироти молу маҳсулот мебошад. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ва муассисаҳои қарзии дар вилоят фаъолиятдошта ба иқтисодиёти вилоят 4,1 миллиард сомонӣ қарзи бонкӣ пешниҳод шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 915,4 миллион сомонӣ ва ё 28,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. 
Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят бо мақсади амалӣ кардани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва бо ин васила мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворию баланд бардоштани иқтидори содиротӣ бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 35,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 банди фоизӣ ва ё 3,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 53 фоизро ташкил медиҳад. 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид моҳипарвариро яке аз самтҳои рушдёбандаи вилоят арзёбӣ карда, гуфт, ки соли равон шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 14 адад афзуда, айни замон барои 319 хоҷагии моҳипарварӣ 2383,7 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста шудааст.  

Танҳо давоми ду соли охир дар вилоят шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 17 адад афзуда, ба 35 адад расида, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парҳезӣ бошад, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздики 10 ҳазор тоннаро ташкил дод. 

Бо андешидани тадбирҳои иловагӣ, соли равон истеҳсоли 18 номгӯи маҳсулоти нав (аз ҷумла, гачкартон барои шифт, мотосикл, электроскутер, профил барои гачкартон, шишаи сохтмонӣ, микросемент, кислотаи сулфат, собуни мушк, гумати калий, хамираи гумин, либоси корӣ, дастпӯшаки корӣ, докаи тиббӣ, квас, олуи сиёҳи хушк, спирти этилӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири техникаҳои кишоварзӣ) ба роҳ монда шуда, суръати афзоши 127 номгӯи маҳсулот дар сатҳи 110 то 570,7 фоиз таъмин гардид.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар идома оид ба дастовардҳо дар соҳаи роҳсозӣ сухан гуфта, афзуд, ки дар миқёси вилоят давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба масофаи 2571,7 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи умумии 228 миллиону 559 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 58,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб 263,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 345 километр сангфарш, 1963,1 километр таъмири ҷорӣ ва 136 адад пулу қубурҳо таъмир гардидааст. 

Бояд қайд кард, ки бо саҳми соҳибкорон ба маблағи 181 миллион сомонӣ 251,3 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 310,7 километр сангфарш ва 40 адад пулу қубур таъмиру азнавсозӣ гардиданд. 

Дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷдиду азнавсозии роҳҳои вилоят беандоза буда, 7 ноябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар, Бохтар-Левакант, Левакант-Данғара ва гузоштани санги асос ба оғози  азнавсозии роҳи Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор аз ҷониби Сарвари давлат далели ин таваҷҷуҳи хоса мебошад. 

- Қабули нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба рушди соҳаи сохтмони вилоят такони бузург бахшида, танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар вилоят 3765 бинову иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки дар тақвияти корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт, - қайд намуд раиси вилоят. 

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 иншооти соҳаи маориф - дорои 1123 адад синфхона барои 28150 ҷойи нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 56300 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд.

Вобаста ба ин, айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони зиёда аз 34 адад иншооти соҳа иборат аз 185 адад синфхона бо фарогирии 4425 ҷойи нишаст дар 1 баст (дар 2 баст 9250 ҷойи нишаст) идома дорад.

Дар соли таҳсили 2023-2024-ум 23663 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 539 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва 417 нафар ба муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар дохил шуданд.  

Ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок диққати ҷиддӣ дода шуда, аз аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 39 муассисаи тиббӣ ба маблағи зиёда 182 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст. 

Қайд гардид, ки давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 40 адад толору майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои наврасону ҷавонон шароити муносиби машқу тамрини бадан фароҳам гардид. 

Дар ин давра варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 763 медали тилло, 670 медали нуқра ва 881 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ, 2314 медал ба даст оварданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 265 медал зиёд мебошад.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон 492 китобхонаи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ ва китобхонаҳои бачагона фаъолият менамоянд.

- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати аҳолӣ, бахусус ҷалби ҷавонону наврасон ба хондани китоб бо ташаббуси роҳбарияти  вилоят имрӯз дар баррасии иҷлосия лоиҳаи қарор ҷиҳати эълон намудани “Соли 2025 - Соли фарҳанги китобхонӣ” пешниҳод мегардад, - гуфт Давлаталӣ Саид. - Дар ин замина раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо новобаста аз шакли моликият вазифадор мегарданд, ки барои боло бурдани завқу рағбати мардум ба осори пурғановату мондагори назмию насрии шоирону нависандагон  корҳоро тақвият бахшанд.

Дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» гурӯҳҳои корӣ бо усули «Хона ба хона» дар ҳар як деҳаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзилҳои зист, татбиқи қонунҳои миллии кишвар «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғибу ташвиқи либосҳои миллии тоҷикӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, бо 213583 оила суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд, ки наздик ба 100 фоизи шумораи умумии оилаҳоро дар вилоят ташкил медиҳад.

Дар қисмати музокирот Бахтиёр Назарзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии №5, раиси шаҳри Кӯлоб, Шоиста Абдуназарзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии №2, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар баромад намуданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми иҷлосия ҳисоботи сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода дар бораи “Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2023 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2025” шунида шуд.
Сипас, вакилон “Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2025”-ро ба муҳокима гузошта, қабул намуданд.

Масъалаҳои “Ташкил намудани Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон” ва “Ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.

Инчунин, ҳисоботи роҳбарони маъмурияти Минтақаҳои озоди иқтисодии Кӯлоб, Данғара ва Панҷ шунида шуд.

Дар охир, ба як қатор вакилони халқ барои иштироки фаъолона дар самти фаъолияти мақомоти намояндагӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода