Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАТЛОН. 53 ГЕКТАР ЗАМИН БА ҲОЛАТИ АВВАЛА БАРГАРДОНИДА ШУД


ХАТЛОН. 53 ГЕКТАР ЗАМИН БА ҲОЛАТИ АВВАЛА БАРГАРДОНИДА ШУД




Дар прокуратураи вилояти Хатлон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба замин, риояи талаботҳои истифодаи мақсадноки ин моликияти давлат доир гардид, ки дар он прокуророни шаҳру ноҳияҳо роҳбарони кумитаҳои замин ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. 

Тибқи иттилои прокурори вилоят  Авазҷон Назарзода  дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 4 ҳазору 962 қонунвайронкуниро ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани он 2043 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, ки аз ин 2 ҳазору 494 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Дар ин замина 359 амру қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор ва бинобар хилофи талаботи қонунгузории замин будан эътироз оварда шудааст. Аз ин шумора 181 адади он ба қарорҳои раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мансуб мебошад. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода