Мусодираи маводи тарфгарӣ дар Кӯлоб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 156
Ҳамасола бо фаро расидани Соли нави мелодӣ садои маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар кӯчаву хиёбонҳо шунида мешавад, ки ин амали ғайриқонунӣ боиси барҳам задани оромии шаҳрвандон ва сабабгори ба бемориҳои гуногун гирифтор намудани ашхоси пиронсолу солхӯрда мешавад.
Кормандони мақомоти милитсия бо мақсади таъмини оромӣ ва бехатарии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии маводҳои гуногуни пиротехникӣ ва мусодираи маводи таркандае, ки аз ҷониби сокинон ғайриқонунӣ нигоҳ ва истифода мешавад, тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб аз манзили истиқоматии шаҳрванд Изатуллои Неъмат соли таваллудаш 2000, сокини кӯчаи Чапаев 10200 (даҳ ҳазору дусад) дона маводҳои пиротехникӣ (хлапушка) дарёфт ва мусодира карда шуда, нисбати номбурда, маводҳои аввалиндараҷа тартиб дода шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...