Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “Маърифати ҳуқуқӣ”


“Маърифати ҳуқуқӣ”




Таҳти ин унвон дар шаҳри Бохтар бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ибтикори идораи рӯзномаи “Хатлон” маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ ба чоп расид. Маҷмӯа аз 240 саҳифа ва наздик ба 60 мақола иборат мебошад. 

Китоби мазкур аз гулчини мақолаҳое мураттаб шудааст, ки дар доираи озмуни муштараки идораи рӯзномаи «Хатлон» ва Суди вилояти Хатлон - «Маърифати ҳуқуқӣ» ба чоп расидааст. Ин озмуни эҷодӣ давоми соли 2024 дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, 28.12.2023 ва татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30.12.2023, №668, ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, инъикоси 30-солагии қабули Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” гузаронида шуд.

Мураттибони маҷмӯа ҳадафи интишори онро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кардаанд, ки  мутолиаи маҷмуаи мазкур, ки дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳия ва манзури хонандаи арҷманд шудааст, ҷомеаи моро боз ҳам пешрафта ва адолатпарвар менамояд. Зеро талаботи асосии Соли маърифати ҳуқуқӣ аз рӯйи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва зиндагӣ намудан аст.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода