Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Меҳнатро байрақи ҳаёти худ кунед


Меҳнатро байрақи ҳаёти худ кунед




Устод  Соҳиб  Табаров дар  дафтари  “Таассуроти ақлу  дил”  дар  бораи  бузургии меҳнат  чунин  гуфтааст:  “Ин  ду мафҳум  (инсон  -  меҳнат)  аз  ҳам ҷудонашавандаанд.  Инсон,  ки  аз меҳнат  монд,  ҳалок  мешавад, албатта. Бинобар ин, дар ҳаёти моддӣ ва маънавӣ мақоми меҳнат (бо  тамоми  гуногунӣ  ва  ҳатто мухталифию  зиддиятнокиаш бағоят бузург аст".

Агар, ба таъбири бузургон, меҳнат “шарти якуму асосии тамоми зиндагии инсон бошад”, агар “худи инсонро меҳнат ба вуҷуд оварда бошад”, худ аз худ маълум мегардад, ки адабиёти бадеӣ низ аз инъикоси ин мавзуъ дар канор истода наметавонад.

Ҳангоме ки инъикоси меҳнатро дар канор мегузорем, ҳаёти инсонро хароб мекунем...

Адабиёт  бо  қонунҳои  дохилӣ,  бо  принсипҳои эстетикии  бадеии  ба  худ  хос,  бо  задухӯрдҳои ботинӣ, бо эмотсия, эҳсосоти қалбӣ, бо хислатҳои фардии одамон ба мавзуи меҳнат дахолат мекунад, на чун категорияи махсуси сиёсӣ-иқтисодӣ, на чун шакли меҳнати ҷамъиятӣ, на чун муносибати байни  ҳамдигарии  одамон  дар  меҳнати  ҷамъиятӣ  бе инъикоси  характер,  психология,  олами  маънавию ботинӣ, бе шахс ва фарди конкретӣ...

Ҳамон  қадаре  ки  сохти  иҷтимоӣ-иқтисодии ҷамъият  рӯ  ба  тараққӣ  ниҳод,  ҳамон  андоза  дар шакли  меҳнат  мазмуни  нав  ба  вуҷуд  меояд  ва адабиёт онро акс менамояд: аз “Семент”, “Вақт ба пеш”, “Дар муҳориба обутоб ёфтааст”-и Попов дар адабиёти  рус,  то  “Дохунда”,  “Шӯроб”,  “Об-рӯшноӣ” ва ғайра.

Ин гуна инкишофоти образҳои дар меҳнат обутобёфта  доимо  дар  ҷамъият  давом  кардан  мегиранд. Ҳамаи боигариву инкишофоти меҳнатро дар шаклҳои гуногун, дар шароиту вазъияти гуногун ва мухталиф,  дар  характерҳои  мутафарриқ  адибони ҳамаи халқҳо инъикос менамоянд.

“Кто не работает, тот пусть не ест”- вот практи-ческая заповедь социализма”,- гуфтааст яке аз бузургони рус.

Ин ба ҳама гуна шакл ва намудҳои меҳнат дар ҷамъияти  имрӯзаи  мо  дахл  дорад.  Маданиятнокӣ ва  махсусан  шуурнокии  инсон  дар  муносибати  ӯ  ба  меҳнат  муайян  мегардад.  Одами  ҳақиқии меҳнатдӯст ба дараҷаи олӣ маданиятнок мебошад. 

Дар айни замон маданиятнокӣ нишонаи инкишофи интеллектуалӣ  ва  маърифатнокии  ҳар  як  фарди меҳнатдӯст мебошад.

Меҳнати  ҳар  як  фард  баҳри  умум  мебошад  ва санъаткорон боигарию судбахшии тамоми навъҳои меҳнатро васф мекунанд.

Шоиру  нависандагоне,  ки  асарҳои  олӣ  меофаранд, бешак, меҳнатро, ки асоси зиндагӣ ва ояндаи ҳар як фард аст, дӯст медоранд.

Акнун  чанд  сухан  дар  бораи  меҳнати  ҳалолу одамиёнаи мардумони одии кишвари азизамон, аз чизи  дидаам  ба  шумо  -  хонандагони  азизам  нақл карданиам.

11  июли  соли  1975  бо  ҳамроҳии  дӯсту  рафиқи ҳаммактаб – Ашӯрҷон Ҳалимов ва Рустам Содиқов (мухбири  махсуси  “Коммунист  Таджикистана”)  ба хонаи истироҳатии Пуғуз рафтем. Мардуми таҳҷоии Пуғуз  номи  деҳаашонро  бо  иловаи  ҳарфи  “е”  ном мебаранд, ки хеле олӣ ва зебо садо медиҳад. Яъне, онҳо ҳар гоҳ, ки номи деҳаи азизашонро мегиранд, Пуғузе  гуфта  талаффуз  менамоянд.  Мо  -  се  бародарони азиз соати муайянеро дар боду ҳаво ва кӯҳҳову дараҳои зебои Пуғузе мегузаронидем. Боду ҳавои Пуғузе ҷонфазост. Кас дар чунин маҳал худро  дар  биҳишти  Адан  ҳис  мекунад.  Рокуялл  Кент ё Рерихҳо дар куҷоянд, ки инсони хеле хурд, вале олиҳиммат,  оламоро  ва  зеби  оламро  дар  олами зебоӣ, кӯҳҳои азим, пайраҳаву оврингҳои каҷу килеб, одамони одии дар меҳнати ҷисмонӣ устухони сахткардаро инъикос намоянд.

Дарёчаи назарногири Ғурк (Ғурке), ки бо ғуррос, сангбасангзании худ дар баҳорону тирамоҳ одами шердилтаринро ба  ваҳму  ҳаррос  меорад,  бо  дарёи  Зиддӣ  як  шуда,   чунон дарёи зебову шӯху сертуғён ва серовозу серкафкро ба вуҷуд овардааст, ки тасвири онҳо танҳо ба санъаткорони мӯқалам чун Фирдавсӣ ва Толстой муяссар хоҳад шуд.

Дар  тарафи  шарқии  Пуғузе  ду  деҳқони  соҳибмеҳнат  аз ҳисоби сангзору регзори беинтиҳо дар маҷрои собиқи дарёи Зиддӣ  чунон  боғчаҳои  биҳиштманзар  сохтаанд,  аз  болои дарё  қубури  об  гузаронидаанд,  ки  кас  мехоҳад  ба  тамоми овоз нависандагону рассомонро даъват кунад:

- Шумо дар куҷоед, эй сарояндагони меҳнати халқ? Кору меҳнатро, ки бо хуну устухони халқи тоҷик пайванд аст, бубинед ва васф намоед!

Яке  аз  он  азхудкунандагони  заминҳои  санглох  (дурусттараш  сангистон)-ро  Ашӯров  мегуфтанд.  Ӯ  дар  комбинати Такоб  ронандагӣ  мекардааст.  Мӯи  сар  ва  ришу  мӯйлабаш мошу биринҷ аст. Як ҳафта мошина мерондааст ва як ҳафта истироҳат  мекардааст.  Ба  сӯи  Кӯлоб  тез-тез  бор  мебарад. 

Ҳар рӯзе, ки аз кори идора фориғ аст, аз саҳар то бегоҳ дар он  боғча  кор  мекунад.  Аз  тарафи  Кӯлоб  будани  Ҳалимов, Содиқов ва бандаро фаҳмида, бо хушнудӣ моро ба боғу хонааш таклиф кард. Мо миннатдорӣ баён намуда, оянда омаданамонро гуфтем. Ӯ ба мо чунин гуфт:

- Аз ин замин садҳо тонна сангҳои хурду калонро кашида бароварда, ба ин ҷо зиёда аз 350 мошин хокро аз ҷойҳои дур овардаам. Вақте ки ба Кӯлоб бор мебурдам, агар аз он тараф бор надошта бошам, мошинро бо хоку поруи пурҳосили он маҳалҳо пур карда, ба ин замин оварда мерехтам. 300 мошин хокро аз гирду атрофи шаҳри Душанбе ва 50 мошин хокро аз тарафи ноҳияи Совет (ҳоло ноҳияи Темурмалик) овардаам. 

Аз Гулисой бо КрАЗ.

Ана чи гуна меҳнатдӯстанд одамони одӣ (на ба маънои таҳқир, балки ҳақиқатан онҳо одамони одӣ мебошанд). Ана барои чӣ меҳнат қаҳрамони асосии адабиёт аст.

Чунин одамонро дида, дили кас фараҳманд мешавад, ки халқ чӣ қадар қудрати азим дорад.

Наберагону аберагони азизи халқи бузургу меҳнаткашам! 

Меҳнатро  байрақи  ҳаёти  худ  намоед  ва  ҳеҷ  гуна  навъи меҳнатро рад накунед. 

Аҷдодонам (набераву аберагонам) Шумо барои тақдири ҳаёти  ҷамъият  ҷавобгаред.  Агар  ба  каминаи  камтаринатон заррае  меҳру  муҳаббат  дошта  бошед,  дар  меҳнати  ҳалол симои маънавии худатонро нишон диҳед. Умеди камина аз шумоён дар одамгариатон, дар меҳнатдӯстиатон мебошад.

-Меҳнати  ҳалоли  ду  хокпоши  деҳаи  Пуғузеро  дида,  аз шумо - мардуми азизи дилу ҷони ҷумҳурии ба ҷон баробарам хоҳиш мекунам:

-  Лоиқи  эҳтирому  муҳаббати  ҳамзамононатон  бошед! Шаби  ин  маҳалро  як  бор  тамошо  кунед.  Кӯҳҳо,  қуллаҳо, теғаҳо,  шухҳо,  курҳо,  дарахтон,  буттаҳо,  ғорҳо,  оброҳҳо  – ҳама ифтихор ва бузургии ин миллати азизанд. Аз мо танҳо меҳнат, меҳнат ва меҳнатро талаб мекунанду халос. 

Шиори  банда  дар  зиндагӣ  ин  меҳнат  кардан,  меҳнати ҳалол,  рост,  содиқона,  садоқатмандона  ва  ба  ҳамагон  гуфтаниам,  ки  ҳамдиёрони  азизам,  меҳнат  санги  хороро  ба муҷассамаи  абадзиндаи  умумиҷаҳонӣ  табдил  медиҳад. 

Меҳнат  кунед  ва  зиндагии  ҳалолу  одамиёнаро  насибатон гардонед!

Соҳиб ТАБАРОВ, 20 июли соли 1975, деҳаи Пуғузе.

Таҳияи Олимҷон ТАБАРОВ, бародарзодаи С. ТАБАРОВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода