Пандҳои Соҳиб Табаров
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 126
Тарбиятгар худаш бояд тарбиятдида бошад.
Оқил ояндаи ҷамъият, хизматгори тамоми фозилони олам аст.
Он кас хушбахт аст, ки пас аз мурдан нишонае аз худ ба халқ гузорад.
Муаллим бедоркунандаи фикри дигарон аст.
Истеъдод душмани ашаддии фахру ғурур аст.
Умрро бояд ҳамон тавре гузаро-нид, ки ҳама вақт сӯзию оташ бигирӣ ва дигаронро гарм намоӣ.
Инсон бошӣ, касбатро андаке аз худат зиёдтар дӯст дор. Ҳамин касбдӯстдорӣ туро дӯстдори ҳама мегардонад.
Таърих сарчашмаи ҳаёт, мубориза ва корномаи инсоният ва ҷамъият аст.
Меҳнат на танҳо инсон, балки ҷаҳонбинии ӯро тағйир медиҳад.
Бинобар ин, адабиёти бадеиро низ меҳнат ба вуҷуд меорад.
Аз халқ, аз омма, аз коргару деҳқон канда шудани роҳбар ба мар-ги ӯ баробар аст ва ин ба давлат ҳам хавфи калон меорад.
Дар олам ду муаллими ба ҳам монандро дарёб кардан мумкин нест.
Мусиқӣ чун ҳар як навъи санъат муҳаббати инсонро ба зиндагӣ зиёд менамояд.
Дар илм ба худсарӣ ва фармонфармоӣ дар ҳеҷ ҳолат роҳ додан мумкин нест.
Вазифа, қарзи давлатӣ, иҷрои супоришҳои халқ барои ҳар як корманд бояд дар ҷои аввал бошад.
Дониш сарчашмаи хушкнашавандае аст, ки инсоният абадӣ аз он баҳра мебарад.
Китобро чун гавҳараки чашм ҳимоя ва ҳифз бояд намуд, вагарна, бе китоб кӯри маънавӣ хоҳем шуд. Китобро бо ягон сарвати моддии олам иваз кардан мумкин нест: боигарии моддиро халқ кардан мумкин аст, аммо китоб ҳеҷ гоҳ халқ намешавад, он сол то сол бойтар ва ғанитар мегардад. Китобро ҳимоя ва дастгирӣ намоед.
Адои қарзи Ватан аз адои қарзи хешу табор ва ҳар як фард ҳазорҳо маротиба заруртар ва муҳимтар аст.
Деҳаи худ, дарахти деҳаи худ, оби чашмаи деҳаи худро дӯст надорӣ, ҳеҷ гоҳ ватандӯсти ҳақиқӣ нахоҳӣ шуд.
Қарзи фарзандиро ба миллат ва Ватани азиз то охир ҳалол ба ҷо овардан лозим аст.
Тоҷикистон чи гуна кишвари олиҷаноб, ҳамешабаҳор ва шукуфон аст, касе, ки чунин кишварро дӯст надорад, номард аст.
Адабиёт ҷисм, санъати мусиқӣ ҷони инсон аст, якеро мебинӣ, дигареро ҳис мекунӣ, яке бе дигаре ҷисми беҷон аст.
Дӯстӣ чароғест, ки ҳама вақт ба роҳи равшан мебарад.
Фарзандони ҳақиқии халқу миллат пас аз фавташон ҳам зинда мемонанд.
Зиндагӣ – хизмат баҳри Ватани маҳбуб, халқи азиз ва фарзандони ояндаи онҳост.
Зиндагиро бо меҳнат ва мубориза ба даст даровардан мумкин аст.
Зиндагии бемеҳнат, бемақсад марги мафоҷот мебошад.
Зиндагӣ ин пешравӣ аст. Дар зиндагӣ қафо мондан ба марг баро-бар аст.
Кушандаи вақт кушандаи худ аст.
Инсони комил мекӯшад, ки хислатҳои неки инсониро ҳар чи бештар аз худ кунад ва кирдорҳои бади инсониро аз худ дур.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...