Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон


Кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон



-Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар кадом  шароит  қабул  карда  шуд  ва  он  чӣ  аҳамият дошт?

- Конститутсияи Тоҷикистон  ба  тариқи  раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия  яке  аз нишонаҳои муҳими давлатҳо мебошад.  Бе  Конститутсия давлатдориро  тасаввур  кардан номумкин аст. Ҳамчунин, зарур  буд,  ки  мақсади давлати  соҳибистиқлол ҳамчун  давлати  демократӣ, ҳуқуқбунёд,  дунявӣ  ва иҷтимоӣ  дар  Қонуни  асосии он сабт гардад.

Чи  хеле  ба  мо  маълум аст,  рӯзи  10  декабри  соли 1948  аз  ҷониби  Ассамблеяи генералии  Созмони  Милали Муттаҳид  Эъломияи  ҳуқуқи башар  қабул   гардидааст, ки  иҷрои  он  барои  ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад.

Меъёрҳои  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  6  ноябри  соли  1994  ба стандартҳои  байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои  Эъломияи  ҳуқуқи башар  сарчашма  гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби  аввали  Конститутсияи   Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамчун  давлати  иҷтимоӣ муаррифӣ  карда  шудааст. 

Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди  аҳолӣ,  аз  ҷумла кӯдакону  наврасони  ятиму бепарастор,  оилаҳои  камбизоат,  пирони  дастнигару бемор,  маъюбон  ва  ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Инчунин,  Президенти  мамлакат  дар  яке  аз баромадҳои  худ  зикр  доштанд: «Конститутсия ба си-фати Қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии  пешрафти  ҷомеаро аз  тариқи  қабули  қонунҳои нав  гузошта,  муносибатҳои ҷамъиятии  мухталифро  таҳти  танзим  қарор медиҳад».  Ин  санад  дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинох-та мешавад. 

-Раванди  қабули  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифт?

-Барои  қабули  Конститутсияи  нави  давлати соҳибистиқлол  Комиссияи конститутсионӣ  маротибаи сеюм бо ташаббуси Сарвари давлат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Комиссияи конститутсионӣ ибо-рат аз се гурӯҳ буда, аъзои гурӯҳи  корӣ  мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, олимон ва муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ,  ҳуқуқшиносони  касбӣ бо  такя  ба  арзишҳои  таърихи  халқамон,  орзуву ормонҳои  мардуми  кишвар, дарки  манфиатҳои  миллӣ, таҷрибаи  қабули  Конститутсия  дар  давлатҳои  дигар, эҳтиром  ба  арзишҳои  аз ҷониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ,  арҷгузорӣ ба  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон ва  шаҳрванд,  муҳимтар  аз ҳама,  бо  мақсади  ҳифз  ва таҳкими  Истиқлоли  давлатӣ ба кори худ шуруъ кард.

Дар  натиҷа,  ду  лоиҳаи Конститутсия барои баррасӣ пешниҳод гардид, яке лоиҳаи Конститутсияе,  ки  ҷумҳурии парлумонӣ ва дигаре лоиҳаи Конститутсияе,  ки  ҷумҳурии президентиро  муқаррар  мекард. 

Баъди  музокираҳои тӯлонӣ  оқибат  ба  раъйпурсии умумихалқӣ лоиҳаи конс-титутсияе,  ки  ҷумҳурии  пре-зидентиро  муайян  мекард, 
пешниҳод  гардид.  Лоиҳаи Конститутсия  ба  муҳокимаи умумихалқӣ  гузошта  шуда, дар  давоми  зиёда  аз  ду моҳ ба Шурои Олӣ зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳодҳо ворид гардид.

Бо  назардошти  он,  ки дар  муҳокимаи  ин  санади таърихӣ  доираи  васеи  мардум  иштирок  карда,  фикру андешаҳои  худро  фаъолона иброз  намудаанд,  лоиҳаи Конститутсия  танҳо  баъди  ба  эътибор  гирифтани пешниҳодҳои  мардум   такмил  дода,   ба  раъйпурсии умумихалқӣ бароварда шуд. 

-Аз  нигоҳи  шумо, ҳамчун  ҳуқуқшинос,  дар Конститутсия  ҳуқуқу озодиҳои  инсон  чӣ  афзалият дорад?

-Афзалияти Конститутсия дар  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон дар он аст, ки дар ин санад боби  алоҳида  оид  ба  ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳ аст ва бори аввал  мафҳуми  инсон  дар чаҳорчӯбаи  қонуни  асосии давлат  баррасӣ  ва  эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон ҳаматарафа  ҳимоя  карда мешаванд  ва  давлат  ба  ин кафолат  медиҳад,  ки  бозгӯи гуфтаҳои  боло  моддаи  5-и Конститутсия мебошад.

Аз  ҷониби  дигар,  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳрвандонро вазифадор  менамояд,  ки бо  назардошти  принсипи қонуният  талаботи  санади мазкурро   риоя  намоянд. 

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътирофу эҳтироми  арзишҳои  миллӣ, расму  оинҳо  дар  раванди  пуртазоди  ҷаҳонишавӣ омили  воқеии  пойдорӣ  ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шудааст.

-Бо  роҳи  раъйпурсии умумихалқӣ  қабул  гардидани Конститутсияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? 

-  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои мил-лат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  мавриди  қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иброз намуда буданд: “Қонуни асосиро  ба  воситаи  раъйпурсӣ ва  Президентро  ба  тариқи умумихалқӣ  интихоб  намудан лозим аст”. 

Бояд  тазаккур  дод,  ки Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  муқаррар менамояд,  ки  қарорҳои бо  овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) қабулшуда  эътибори олии ҳуқуқӣ дошта,  ба  ҳеҷ гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ  надоранд  ва  иҷрои онҳо  дар  тамоми  қаламрави Тоҷикистон ҳатмист».

Дар  овоздиҳии умумихалқӣ  оид ба  масъалаҳои пешниҳодшуда шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  синнашон  ба 18  расидаасту  мувофиқи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, иштирок карда метавонанд. Шаҳрвандон дар овоздиҳии умумихалқӣ озодона, бевосита ва шахсан дар асосҳои баробар иштирок мекунанд.  Овоздиҳии  умумихалқӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  пешниҳоди  хирадмандонаи Пешвои  миллат  6  ноябри  соли  1994  барои қабули  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳои он гузаронида шуд.

Бояд қайд кард, ки қабули Конститутсия бо тариқи  раъйпурсии  умумихалқӣ  дар  миқёси давлатҳои  пасошуравӣ  яке  аз  таҷрибаҳои аввалин  ба  шумор  меравад.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин Конститутсияи ҷаҳон буда, дар шумораи даҳ Конситутсияи  беҳтарини  дунё  шомил  мешавад.

-Аҳамияти  таърихии  Конститутсия аз нигоҳи Шумо дар чӣ аст?

-Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои  таърихии  давлатдорӣ  ва  ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос  кардааст  ва  таъмин  намудани  адолати  иҷтимоӣ,  волоияти  қонуну  тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолия-ти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.

Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми  ҳуқуқии  мамлакат,  сохтору  мақомоти давлатӣ  ва  дар  меҳвари  фаъолияти  онҳо қарор  додани  инсон  ва  ҳуқуқу  озодиҳои  ӯ, манфиатҳои  давлат  ва  шаҳрвандон,  инчунин,  бунёди  ҷомеаи  адолатпарвар  асос  гу-зошта,  кафолати  таъмини  озодӣ,  адолати иҷтимоӣ  ва  баробарҳуқуқии  ҷомеаи  навини Тоҷикистон гардид.

Маҳз,  дар  Конститутсияи  соли  1994  эъмори   Тоҷикистон  ҳамчун  давлат  дар  асоси  принсипҳои  соҳибихтиёрӣ,  демократӣ, 
ҳуқуқбунёд,  дунявӣ  ва  ягонагӣ  муайян  гардида,  заминаҳои  ҳуқуқии  бунёди  корҳои давлатдорӣ  таҳким  ёфт.  Маҳз,  Конститутсия  буд,  ки  имрӯз  дар  заминаи  он  як  қатор санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ  қабул  ва  амалӣ шуда  истодаанд.  Аз  ҷумла,  таҳлил  ва  омори  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ  ба  он  далолат менамояд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии  қонунгузории  кишвар  зиёда  аз  404  санади қонунгузорӣ (17 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, 22 қонун дар бораи авф, 25 қонун дар бораи буҷети давлатӣ ва 319 қонуни дигар) ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани  қоидаи  рафтори  ҳуқуқӣ  таҳия  ва қабул карда шудаанд.

Дар  охир  аз  фурсати  муносиб  истифо-да  бурда  тамоми  мардуми  шарафманди Тоҷикистони  биҳиштосоро  ба  30-юмин  сол-гарди  қабули  Конститутсия  табрику  таҳният намуда, ба ҳар яки онҳо рӯзгори босаодатро таманно  дорам.  Бигузор,  Тоҷикистони  сарсабзи мо ҳазорсолаҳо пойдор бимонад.

- Барои суҳбат ташаккур!

Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода