Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАҶМУАИ “АШКИ ҚАЛАМ” МУАРРИФӢ ШУД


МАҶМУАИ “АШКИ ҚАЛАМ” МУАРРИФӢ ШУД




Имрӯз, 5 ноябр, дар шаҳри Бохтар маросими муаррифии китоби тозанашри “Ашки қалам”-и собиқадори матбуоти тоҷик Ашк-Ашӯралӣ Юсуфӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, директори китобхонаи вилоятӣ Рухшонаи Шералӣ, дӯстон, ҳампешагон ва шогирдони Ашк Юсуфӣ иштирок доштанд. 

Носирҷон Маъмурзода, зимни ифтитоҳи маросими рӯнамоӣ доир ба фаъолияти омӯзгориву рӯзноманигории Ашк Юсуфӣ ибрози назар карда, муаллифро барои нашр гардидани маҷмӯаи навбатиаш табрику муборакбод гуфт. 

- Ашк Юсуфӣ на танҳо қаламкаши соҳибназар, балки то замони ба нафақа баромаданаш муаллим ҳам буд. Дар мактаби шаҳри Левакант солҳои зиёд омӯзгори фанни риёзӣ шуда кор мекард. Қобилияти бо ибораҳои одӣ шарҳ додани мавзуъҳои мураккаб, инчунин корбурди моҳиронаи усулҳои муассири педагогӣ ба ӯ имкон дод, ки муаллими машҳур ва обруманд гардад, - гуфт сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”.  
Илова бар ин, дар идомаи чорабинӣ рӯзноманигорон Саттор Қарахонов, Худоёр Раҷабализода, шоир Амиршоҳи Хатлонӣ ва дигарон суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти публитсистии Ашк Юсуфӣ андешаронӣ намуданд. 

Таъкид гардид, ки муҳаббати Ашк Юсуфӣ ба рӯзномаҳо ӯро барои хонандагоне, ки мехоҳанд дар бораи ҷаҳон ва рӯйдодҳои он дурнамои васеътар пайдо кунанд, як манбаи хуби иттилоот месозад. Муаллим инчунин ба шогирдон имконият медиҳад, ки малакаҳои таҳлил ва тафаккури интиқодиро, ки барои рушди зеҳнии ҳар як хонанда муҳим мебошад, инкишоф диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки маҷмӯаи “Ашки қалам” аз ҷониби ҳайати таҳририяи рӯзномаи вилоятии "Хатлон" ба ифтихори 80-умин солгарди умри Ашк Юсуфӣ таҳия гардидааст.

Маҷмуаи “Ашки қалам” аз се фасл - фасли якум "Қаламам умри ҷовидони ман аст" (маводи мансуб ба қалами Ашк Юсуфӣ); фасли дуюм "Китобдор ва рӯзноманигор" (маводи чеҳранигории рӯзноманигорон дар бораи Ашк Юсуфӣ); фасли сеюм "Кору зиндагии Ашк Юсуфӣ дар навори аксҳо" (аксҳои Ашк Юсуфӣ, ки дар давраҳои гуногуни ҳаёташ: таҳсил, фаъолият ва дар ҳалқаи дӯстону ақрабо - бардошта шудаанд) иборат аст.

Дар интиҳо аз ҷониби идораи рӯзномаи “Хатлон” ва Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин ба собиқадори матбуот Ашк Юсуфӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода