Табиб бояд ҳуқуқдон бошад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 214
“Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024-ро барои кишвари мо иқдоми хеле муҳим мешуморам. Дониши ҳуқуқӣ на танҳо дар ҳаёти ҳар як шаҳрванд, балки дар ташкили ҳифзи саломатии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бори дигар имкон фароҳам меорад, ки кормандони соҳаи тиб ва беморон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро донанд, ки ин, дар навбати худ, сифати хизматрасонии тиббиро беҳтар мекунад.
Донистани ҷанбаҳои ҳуқуқии кор барои кормандони соҳаи тиб муҳим аст. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҳар вазъият қарорҳои асоснок қабул кунанд. Илова бар ин, маърифати ҳуқуқӣ муоширати кормандони соҳаи тибро бо беморон беҳтар мекунад, фазои эътимод ва риояи меъёрҳои ахлоқиро ба вуҷуд меорад.
Бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мо тасмим гирифтем, ки як қатор ташаббусҳоро амалӣ кунем. Аз ҷумла барои кормандонамон, ки бевосита бо аҳолӣ ва беморон кор мекунанд, бо ҷалби мутахассисони худӣ ва беруна, силсилаи тренингҳо ва хонишҳои ҳуқуқӣ ташкил намудем, ки ба ҳуқуқи беморон ва принсипҳои ахлоқӣ дар соҳаи тиб бахшида шудаанд.
Илова бар ин, пайваста барои беморон дар бораи ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳо дар соҳаи тандурустӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Албатта, ин ба эҷоди эътимоди бештар байни беморон ва мутахассисони соҳаи тиб мусоидат мекунад.
Хуллас, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” як фурсати хубе барои бунёди инфрасохтори қавии ҳуқуқӣ дар кишвари мо мебошад. Имкониятест, ки донишу малакаи худро такмил диҳем, то ба мардум боз ҳам самараноктар хизмат расонем.
Мо - табибон, бояд на танҳо мутахассисони баландихтисоси соҳаи худ, балки ҳуқуқшиноси хубе ҳам бошем. Ҳуқуқу манфиатҳои беморонро ҳифз карда, ба онҳо хизматрасонии шоистаи тиббӣ расонем.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...