А. Муминзод: «Роҳбар бояд, пеш аз ҳама масъулиятшинос ва боадолат бошад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 352
Мусоҳибаи ихтисосии рӯзномаи “Хатлон” бо раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегиро саноатикунонии босуръати мамлакат эълон карданд. Баҳри татбиқи ин ҳадаф дар шаҳри Бохтар чӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифта шудааст?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Дар ҳақиқат, расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин менамояд.
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои дар Паёми мазкур гузошташуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» тасдиқ гардида, дар доираи барномаи болозикр соҳаи саноати шаҳри Бохтар низ рушду тараққӣ ёфта истодааст.
Дар ин давра (аз соли мавриди амал қарор гирифтани Барнома) дар шаҳр 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд карда шуданд, ки дар ин маврид зиёда аз 405 ҷойи нави корӣ фароҳам гардида, барои ба шуғл фаро гирифтан ва ба ин васила беҳтар намудани саҳти зиндагии сокинон заминаи боэътимод гузошта шуд.
Аз ҷумла:
- дар соли 2020 - 2 корхона бо таъсиси 135 ҷойи корӣ;
- дар соли 2021 - 7 корхона бо таъсиси 95 ҷойи корӣ;
- дар соли 2022 - 6 корхона бо таъсиси 90 ҷойи корӣ;
- дар соли 2023 – 3 корхона бо таъсиси 50 ҷойи корӣ;
- 9 моҳи соли 2024 - 4 корхона бо таъсиси 83 ҷойи нави корӣ;
Дар давраи амали Барномаи саноатикунонии босуръат, таҳлили рушди саноат вобаста ба соҳаҳо нишон дод, ки шумораи корхонаҳои саноатӣ дар соҳаи дӯзандагӣ 2 корхона, сохтмонӣ 12 корхона, хӯрокворӣ 4 корхона ва дигар соҳаҳо 4 корхона зиёд гардидааст.
Рушди истеҳсоли маҳсулот бошад, дар соҳаи дӯзандагӣ 2,9 баробар, хӯрокворӣ 2,9 баробар, сохтмонӣ 7,2 баробар, коркарди пахта 4,8 баробар ва дигар самтҳо 18,1 фоиз зиёд шудааст.
Шумораи корхонаҳои саноатӣ агар дар соли 2020-ум 47 ададро ташкил диҳад, ин шумора дар соли 2024 ба 59 адад расида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ аз 51 номгӯй ба 91 номгӯй расидааст, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеҳсолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ мусоидат намуд.
Махсусан, ба роҳ мондани истеҳсоли ду намуди макарон (лапшаҳои равғанӣ ва ролтон), зиёда аз 25 намуд маҳсулоти қаннодӣ, ҷурғот, кефир ва қаймоқҳои фоизнокии гуногун, творог, яхмосҳои гу-ногун, либосҳои кӯдакона, тагпӯши мардона, ҷӯроб, шифер ва қубурҳои азбистӣ, шиферҳои тунукагӣ, дучарха, гӯгирд ва дигар маҳсулотҳо, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардиданд, ки боиси кам шудани воридот ва таъмини натанҳо сокинони шаҳри Бохтар, балки дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гардидааст.
- Мегуфтед, ки дар ҳудуди шаҳри Бохтар дар самти саноатикунонӣ боз кадом корҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд?
- Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ шудааст, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 17 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 3 адади онҳо дар соли 2024 пешбинӣ гардида, то имрӯз 4 корхона- ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагии «Малика» оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни дӯзандагӣ ва ҶДММ «Мустафо Бохтар» оид ба истеҳсоли хишти сементӣ, корхонаи истеҳсоли гӯгирд ва коргоҳи истеҳсоли оҳаниву тунукагӣ ташкил гардид, ки аз ин ҳисоб 83 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.
- Таълиму тарбия, ба воя расонидани насли бунёдкору со-занда дар авлавияти сиёсати Пешвои миллат қарор дорад. Дар шаҳр, ки шумораи аҳолӣ сол то сол меафзояд, дар мавриди бунёду сохтмони мактабҳо, аз ҷумла муассиссаҳои типи нав - литсею гимназияҳо ва кӯдакистонҳо чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
- Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш иброз доштанд: «Рушди илму ма-ориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Дар ҳақиқат, маҳзилму дониш аст, ки давлату ҷомеа пешрафт менамояд ва наврасону ҷавонон қишри ояндасози кишвар буда, бо назардошти сол аз сол зиёд гардидани теъдоди хонандагон дар шаҳр дар назди муассисаи таълимии №6 ба маблағи умумии 9 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохтмони бинои иловагӣ барои 620 нафар хонанда дар як баст ва дар муассисаи таълимии №8 бинои иловагии сеошёна бо тагхона ба маблағи умумии 10 миллион сомонӣ барои 320 нафар хонанда дар як баст аз ҳисоби буҷети маҳал идома доранд.
Инчунин, дар маҳаллаи Дӯстӣ аз ҳисоби муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 5,4 га барои 1024 нафар хонанда ва аз ҳисоби «Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон» сохтмони муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Шариф дар масоҳати 3 га барои 624 нафар хонанда дар як баст қитъаи замин ҷудо гардида, ҷиҳати сохтмони иншоотҳо корбарӣ рафта истодааст. Айни замон тибқи нақшаи таъсиси муассисаҳои томактабии хусусӣ дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳр муассисаи томактабии хусусӣ барои 100 нафар тарбиятгиранда сохта шуда, таъмири зоҳирии бино низ ба итмом расидааст ва дар рӯзҳои наздик, баъд аз ба имзо расидани санади қабули иншоот, ба фаъолият оғоз мекунад.
Сохтмони як адад муассисаи томактабии хусусӣ дар маҳаллаи Зархез аз ҷониби ҶДММ «Леваканд-Сангрез» барои 150 нафар тарбиятгиранда ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар самти ҷалб кардани сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ чӣ нақшаҳо дорад?
- Айни замон дар шаҳр 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 74, 6 млн доллар таҳти амал қарор доранд, ки аз онҳо 2 лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ, 1 лоиҳа дар соҳаи энергетика, 3 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт, 2 лоиҳа дар соҳаи маориф ва 1 лоиҳа оид ба рушди деҳот мебошанд. Инчунин, ба маблағи 18 мил-лиону 128 ҳазор доллар сармояҳои хориҷӣ ҷалб карда шудаанд, ки аз ин 2 миллиону 887 ҳазор доллар сармояи мустақим мебошад.
Дар баробари ин, дар доираи 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла 1 адад сармояи мустақим дар самти таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, таҷдиди қубурҳои обу корез, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва варзишӣ ба маблағи умумии зиёда аз 20 миллион сомонӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҷалби сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард ва то 10 фоиз расонидани ҳаҷми сар-моягузории мустақим нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар маркази диққати мақомоти иҷроия қарор дошта, дар ин давра ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти шаҳр 4,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардида, дар маҷмӯъ 13,9 миллион долларро дар бар мегирад, ки аз ин 2,4 миллион доллар сармояи мустақим мебошад. Сармояҳои хориҷӣ асосан аз давлатҳои Англия, Корея, Швейтсария, Белгия, ИМА, Канада, Олмон, Сингапур ва Хитой буда, тавассути 7 ширкат, аз ҷумла 2 адад коммуналӣ (КВД «Хоҷагии коммуналӣ» ва КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон») ва 5 адад хусусӣ (ҶДММ «Фуруз», «Кота Глобал», «Қамар тавар», «Ҳунар-41» ва «Зулол Фарм») амалӣ гардидааст.
- Яке аз иншооти таърихии маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар «Теппаи Қӯрғон» чанд сол боз дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва дар назар аст, ки пурра азнавсозӣ карда шавад. Ин иншооти таърихӣ натанҳо муаррификунандаи шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби кишвар ба ҳисоб меравад. Лутфан мегуфтед, ки лоиҳаи пешниҳодшуда то куҷо инъикос-кунандаи ин мавзеъ хоҳад буд?
- Дар ҳақиқат ҳам «Теппаи Қӯрғон» ё «Маҷмааи Бибихонум» яке аз маъруфтарин мавзеъҳои тамошои вилоят ба ҳисоб меравад, ки 4 сентябри соли 1999 бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ дар рӯи он теппаи таърихӣ манора ва осорхонаи таърихию кишваршиносии Бибихонум ифтитоҳ гардида буд. Бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо будан, раиси вилояти Хат-лон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур доданд, ки лоиҳаи ангоравии онро пешниҳод намоянд. Аз ҷониби яке аз институтҳои лоиҳакашӣ ҷамъияти «Шаҳрофари Душанбе» лоиҳаи намунавии «Теппаи Қӯрғон» омода ва пешниҳод карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №471 «Дар бораи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» теппаи Қӯрғон ҳамчун Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии Бибихонум» ба ташкилотҳои низоми Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, нигоҳдории ин муассиса ба уҳдаи Агентӣ вогузор карда шуд.
- Шумо дар нишасти қаблиатон гуфта будед, ки дар шаҳри Бохтар Маркази ош бунёд мешавад. Раванди кор дар ин иншоот чӣ гуна аст ва бо чӣ мақсад бунёд мешавад?
- Оид ба бунёди Маркази ош дар шаҳр бо ҷалби соҳибкорон корбарӣ рафта истодааст. Айни ҳол таҳияи лоиҳаи ангоравии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар дар майдони 54 га идома дошта, дар дохили он сохтмони Маркази ош ба нақша гирифта шудааст.
- Тибқи иттилои дафтари матбуотии Шумо, дар шаҳри Бохтар дурбинҳои «Шаҳри бехатар» насб карда мешаванд. Лутфан, дар бораи ин лоиҳа маълумот медодед.
- Баҳри ҷорӣ намудани назорати дуруст дар самти нақлиёт бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Sergek Projects LTD»-и Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба амалигардонии сармоягузории «Шаҳри бехатари Бохтар» (Насб ва исти-фодабарии низоми автоматикунонидашудаи сабти аксу видео ва видеотаҳлил бо мақсади бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар шаҳри Бохтар) ёддошти ҳамкорӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба маблағи аз 9 то 18 миллиондоллар ба имзо расонида шудааст.
Дар доираи он назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ пешбинӣ гардидааст. Бо татбиқи ин лоиҳа дар назар аст, ки сатҳи қоидавайронкуниҳо коҳиш ёфта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тартиботи ҷамъиятӣ ба танзим дароварда мешавад.
- Саривақт набаровардани партовҳо дар шаҳри Бохтар ба гуфти сокинон аз мушкилиҳои ҷиддӣ аст. Ва Шумо ҳам муддати чанд моҳ мешавад, ки барои ҳалли ин масъала дастбакор ҳастед. Лутфан дар мавриди тадбирҳои иҷрошуда ва нақшаҳои минбаъда барои рафъи ин мушкилӣ ба хонандаи «Хатлон» маълумот медодед.
- Имрӯзҳо саривақт набаровардани партовҳо яке аз мушкилиҳои аввалиндараҷа дар шаҳр гардидааст ва ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба кор шуруъ карданам ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар оид ба бартараф намудани ин камбудӣ тамоми имкониятҳоро роҳандозӣ намуда истодаам. Баҳри рафъи камбудии болозикр ва тоза намудани гирду атрофи шаҳр аз партовҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сохтори нав таъсис дода мешавад. Айни замон лоиҳаи қарори раиси шаҳр омода гардида истодааст.
- Баъзе сокинони биноҳои баландошёна аз проблемаи оби нӯшокӣ танқисӣ доранд. Вобаста ба ин масъала оё тадбирҳо андешида мешавад?
- Бо назардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр ва биноҳои истиқоматӣ ҷиҳати пешгирии норасоии оби нӯшокӣ тадбирҳо андешида шуда истодааст. Соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи «Лоиҳаи беҳтаркунии инфрасохтори оби вилояти Хатлон» ба маблағи 8,9 миллион доллар ҷиҳати азнавсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва хатҳои канализатсияи шаҳр корбарӣ карда мешавад. Инчунин, бо соҳибкорон ҷиҳати кандан ва ба истифода додани чоҳи амудӣ бо мақсади таъмини ҳарчи бештари сокинони шаҳр бо оби тозаи ошомиданӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истодааст.
- Масъалае, ки имрӯз дар назди Шумо ҳамчун роҳбар истодааст ва ҳал кардан мехоҳед, чист? Лаҳзае худро як шаҳрванди қаторӣ тасаввур карда, ба ин суол нуқтаи назаратонро баён кунед: Роҳбар бояд чӣ гуна бошад?
- Масъалаи аввалиндараҷае, ки имрӯз дар назди ман ҳамчун роҳбар истодааст, ин сазовор будан ба боварии халқ ва Пешвои муазза-ми миллат, саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи кишвари азизамон Тоҷикистон - шаҳри Бохтар аст.
Роҳбар бояд, пеш аз ҳама, инсони хуб бошад, кормандони худро аз наздик шиносад, маҳорати хуби муошират дошта бошад, фаъ-ол бошад, баъдан масъулиятшинос, ҳушёру зирак, оқилу доно, суханвар, боадолат, боса-бру таҳаммул, дорои хотираи қавӣ ва некбин бошад.
Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадашон қайд карданд, роҳбар бояд равоншинос бошад, авзои оилавии коргарро донад, агар дар оила тинҷию оромӣ бошад, кор босифат ва масъулиятнокӣ бисёр мешавад.
- Дар оянда ҳамчун раиси шаҳри Бохтар чӣ нақшаву ниятҳо доред, то ки бо амалӣ гардидани он сокинони шаҳр ба пешравиҳои боз ҳам арзандаву шоиста ноил гарданд.
Бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон ва дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра бамиёномада доир ба вазифаҳои аввалиндараҷаи дарпешистода, ҷиҳати пешгирии хавфу хатарҳои ҷойдошта, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, амалигардонии рушди устувори соҳаи саноат, аз ҷумла бунёд ва мавриди истифода қарор додани корхонаю коргоҳҳо, таъсиси корхонаҳои нав, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, иҷрои барномаҳо, ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ, махсусан сармояи мустақим ва дигар масъалаҳои муҳиму афзалиятнок дар якҷоягӣ бо сокинони шаҳр баҳри амалӣ гардидани онҳо бо дасту дили гарм кор карда истодаем.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳр бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор додани 300 иншооти гуногун пешбинӣ гардида, боварии комил дорам, дар ҳамбастагию якҷоягӣ бо тамоми фаъолон, масъулон, соҳибкорон ва кулли сокинони шарафманди вилоят аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои пешбинишуда ба сари баланд ме-бароем ва ин ҷашни муқаддаси миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва дастовардҳои арзанда сазо-вор истиқбол мегирем.
Суҳбаторо
Фаромӯзи ДАВЛАТАЛӢ,
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...