Даромади буҷети маҳаллӣ афзудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 274
Бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода мушовараи Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 9 моҳи соли 2024 баррасӣ шуд.
Сардори Сарраёсати молия Ҳабибулло Иззатуллозода дар мушовара иттилоъ дод, ки дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 102,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1 миллиарду 665,2 миллион сомонӣ нақшаи пешбинишуда 1 миллиарду 699,3 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Ин нишондод нисбат ба нақша 34,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз рӯйи маълумотҳо, ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ бақияпулии қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят, дар маҷмуъ, 175,2 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Тавре дар мушовара зикр гардид, ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ба қайд гирифта нашудааст.
Соли равон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2024-2025” дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳаи маориф 16,9 миллион сомонӣ ва тандурустӣ 2,5 миллион сомонӣ маблағҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҷамшед Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон, таъкид дошт, ки раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳоро мебояд, ки ҷиҳати дуруст ба нақша гирифтани қисми даромади буҷети маҳаллӣ, пеш аз ҳама, ба нишондиҳандаҳои оморӣ, манбаъҳои нави андозбандӣ, иншоотҳои сохташаванда ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷойҳои нави корӣ аҳамияти авалиндараҷа диҳанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00