ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 133
Имрӯз, 30 сентябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид - раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаҳои морифи шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Масъалаҳои "Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2022, №376 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №533 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳисоботи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 марти соли 2021, №158 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Вобаста ба масъалаи якум муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат ҳисобот пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, қабули Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 (марҳилаи якум барои солҳои 2022-2024) аз тадбирҳои муҳим буда, барои рушди соҳаи маорифи вилоят, аз ҷумла сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои соҳаи маориф бо таҷҳизоти зарурӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос ва гирифтани таҳсилоти босифат дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №533 қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2022, №376 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» қабул гардида, ҷиҳати иҷро ба ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятию минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст. Дар ин самт Нақшаи чорабиниҳои вилоят барои марҳилаи якуми солҳои 2022-2024 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад, ки тибқи Нақшаи амали он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси замимаи якум 78
адад, замимаи дуюм 58 адад ва замимаи сеюм 37 адад иншоот, дар умум сохтмони 173 адад иншоот пешбинӣ гардидааст.
Барои сохтмону азнавсозӣ иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматӣ 8 иншоот бо маблағи 67800,0 ҳазор сомонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 иншоот бо маблағи 28700,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати (буҷети маҳалли) 35 иншоот бо маблағи 84400,0 ҳазор сомонӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ 13 иншоот бо маблағи 63200,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ (Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) 94 иншоот бо маблағи 391800,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (бо ҷалби сармояи хориҷӣ) 13 иншоот бо маблағи 36900,0 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ сохтмони 173 иншоот бо маблағи 672800,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки то имрӯз дар доираи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 (марҳилаи якум барои солҳои 2022-2024) 75 иншоот дорои 735 синфхона барои 18375 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Темурмалик 6 ададӣ, Данғара 10 адад, Фархор, Балҷувон 5 ададӣ, Левакант, Ҷайҳун 4 ададӣ, Кӯшониён, Муъминобод, Ховалинг, Хуросон, Қубодиён 3 ададӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Панҷ, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин 2 ададӣ, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Шаҳритус 1 ададӣ иншоот рост омада, дар маҷмуъ 43%-и ичроиши Барномаро ташкил медиҳад.
Вобаста ба масъалаи дуюм сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Қурбоналӣ Собирзода ҳисобот пешниҳод намуданд.
Гуфта шуд, ки оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 марти соли 2021, №158 "Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025" дар шаҳру ноҳияҳо дар вилоят ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, беҳдошти муҳити зист, кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, иттилоот, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, чиниши пахта, даъвати ҳарбии наваскарон ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифагузорӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон