30 сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 201
Шуруъ аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҳамоиш дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Мавлоно бо иштироки васеи олимону донишмандон, мавлоношиносон, омӯзгорону хонандагон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор мегардад.
РӮЗГОРИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ (1207-1272)
Соли 1212 буд. Чингизхон қабилаҳои муғулро бо ҳам муттаҳид намуда, як қисми Хитойро ба зери тассаруфи хеш даровард.
Ин ҷаҳонгири хунхор акнун майл ба сарзамини биҳиштосои Осиёи Марказӣ дошт, тайёрӣ медиду ҷосусонашро ба шаҳру деҳоти ин кишварҳо барои ахбор овардан мефиристод. Бисёр олимону адибони ин диёр аз омад-омади ин тундбоди шум иттилоъ ёфта, бору бун бастанд ва ба мамолики Араб, Шом, Миср, Туркия ва кишварҳои дигар сафар ихтиёр карданд. Мақоли «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ»- ро барои хеш муносиб донистанд.
Яке аз фозилону донишмандони аср Баҳоуддини Валад, ки дар Балх манзил дошту ҷоҳу ҷалол, ин овозаҳоро шунид ва бо аҳли байташ, бо шогирдони сершумораш якумра диёрашро тарк кард ва мусофиратро ихтиёр намуд. Ин овоза ба гӯши шоҳи муқтадир Муҳаммади Хоразмшоҳ низ расид ва наздаш касони хосаи хешро фиристод ва Бухоро омаданашро хоҳиш кард. Вале Баҳоуддин қабул накард. Хоразмшоҳ ин амалро чанд сол пеш карда буд, лек ҳамон вақт ҳам аз Баҳоуддин ҷавоби рад шунида буд. Ӯ ба ахди ҷоҳу мансаб ихлосу эътимод надошт.
Ҳамин тавр, Баҳоуддин бо 400 нафар муридонаш, ки дар байнашон уламои ба Хдқ расида кам набуданд, роҳи Маккаро пеш гирифтанд ва дар шаҳру деҳот эшонро истиқбол мегирифтанд ва бо мардум сӯҳбатҳо мекард ва бо уламо мубоҳисаҳо меорост. Чун ба Нишопур расиданд, Шайх Аттори Нишопурӣ, ки синнаш ба чойе расида, ҳамчун олиму адибу файласуфи шӯҳратёр ном бароварда буду асарҳои зиёдаш дар байни хосу ом маълуму машҳур буданд, эшонро истиқбол гирифт ва меҳмондориашон намуд ва чанд муддат дар ин хонадон дами фароғат заданд ва куфти роҳ бароварданд. Дар ин муддат Аттор бо шогирдон ва аҳли оилаи Баҳоуддин ошно шуд. Бахусус зиракӣ, ҳушёрӣ ва фаросати Ҷалолиддини хурдсол (6-сола) шайхро ба ҳайрат овард.
Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст ва дар сини шашсолагӣ бо волидайнаш диёри балхро якумрӣ тарҳ менамояд. Падари Ҷалолиддин бо аҳли оилааш сафари хешро давом до да ба Мака мераванд ва Каъбаро зиёрат мекунанд. Пас ба Димишқ ва аз он ҷо ба Арманистон омаданд. Аз он ҷо ба Туркия роҳи сафарро идома до да, дар Куния инони сафар бар кашиданд ва доимй зистанро ихтиёр намуданд. Муҳаммади ҷавон дар тӯли сафарҳо аз донишмандони бузург илм омӯхт. Дар шаҳрҳои Багдоду Димишқ, ки бузургтарин олимон дар мадрасаҳо ба тадрис машғул буданд, пешашон чанд муддат шогирдй кард ва аз файзашон бархурдор гардид. Илмҳои ҳадис, таърих, калом, адабиёт ва фалсафаро дар пеши Умар ибни Ахмад ибни Ҳабибуллоҳ, ки оқилтарин ва фозилтарин олими замон маҳсуб мешуд, ба пуррагӣ омӯхт. Пас аз он ба Куния омада, дар яке аз мадрасаҳои шаҳр ба таълими шогирдон пардохт. Маҳз дар ҳамин давра бо шайх Шамси Табрезӣ вохӯрда, дар назди ӯ аз илми тасаввуф даре мегирад ва ба ӯ як унси сахт пайдо мекунад. Ин ҳодиса соли 1244, яъне дар 37-солагии Ҷалолидҷин Муҳаммади Балхӣ воқеъ гардида буд.
Мухаммад Ҷалолиддини Балхӣ аз пирони тариқат, аз устодони илму маърифат даре гирифт, обрӯ ёфт ва шӯҳрату мақоми шоиста дар байни аҳли маърифат пайдо кард. Сӯҳбати ӯро ҳазор-ҳазор шогирдон гӯш медоданд ва аз гуфтори шакарбораш гули маънӣ мечинданд. Ӯ марди роҳи Ҳақ буд. Барояш хама яксон буданд. Инсони пок наздаш қадру манзалат дошт. Дар байни шогирдонаш аз намояндагони динҳои ислом, мусавиён ва исавиён буданд ва таълим ҳам мегирифтанд. Аз устод дарси инсоншиносиро меомӯхтанд. Худой ягонаро парастиш мекарданд.
Хднгоме, ки 17 декабри соли 1273 Ҷалолиддини Балхӣ дар Куния вафот кард, дар шаҳр як шӯру валвала бархост. Аз шаҳру деҳоти кишвар ва дигар мамолики дуру наздик барои гусели ин марди шариф садҳо, ҳазорҳо шогирдон, мухлисон, донишмандон ба Куния омаданд ва ҷомаи мотам пӯшиданд. Ҷасади Ҷалолиддинро болои тахт даст ба даст анбӯҳи одамон ба манзили охират гусел карданд. Гурӯҳе афгон дошту нолаи пурсӯз мекард, гурӯҳе рақскунон, дойразанон Мавлоноро ҳамроҳӣ намуданд, қисме аз абёти шӯрангезу диловези Ҷалолиддинро қироат доштанд ва адибон бо лаҳни ширадор марсияҳои хешро ба ҳозирин мерасониданд. Ҳангомае буд аҷоиб ва омӯзанда.
Оре, марги Мавлоно, маросими дафни Ҷалолиддин панде буд барои ҳамзамонон, ҳамкешон, ҳамзабонон. Дар зиндагӣ, дар рафтору кирдор ҳамин тавр бояд зист, ҳамин тавр бояд буд. Барояш ҳама баробар буданд. Ӯ мисли хуршед барои ҳама: хоҳ шоҳ бошаду хоҳ гадо, хоҳ сарватманд бошаду хоҳ бенаво, хоҳ даҳрӣ бошаду хоҳ уламо яксон нур мепошид.
Ориф ва мутафаккири бузург ба оламиён собит кард, ки агар инсон якрӯ бошаду барои инсонҳо баробар хизмат кунад, ӯро пешво, мушкилкушои ҳама дарду дармонашон меҳисобанд ва фарзанду пайванди хеш медонанд. Ин ғояи олии одамиятро хеле барвақт Мавлоно дарк карда буд, дар эҷодиёташ инъикос намуда буд. Ба ҳамин ҳотир Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳамзабонӣ ҳамдилиро авлотар медонист ва ҳамдилиро дар ғазалиёташ, дар «Маснавии маънавӣ»-аш мадҳу ситоиш кардааст ва кулли инсониятро ба ҳамдилию ҳамфикрӣ ҳидоят намудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...