Хона-музейи Мавлоно дар Балхӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 164
Хона-музейи яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз яке аз марказҳои тамошобоб ва сайёҳӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шумор меравад.
Дар майдони гулгашти муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, мақбараи рамзӣ ва Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии Хона-музей аз 1000 метри мураббаъ ва баландии он 3,5 метр иборат буда, бо дарназардошти унсурҳои қадимаи шаҳрсозии халқи тоҷик бунёд ёфтааст.
Сутун ва дари хонаҳо бо санъати кандакорӣ оро дода шу-дааст. Хонаи рамзии Мавло-но аз ҳавлии дарун ва берун, хона-ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ҳуҷраи дарсхонии писарона ва духтарона, хобгоҳ, чиллахона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар пешайвони даромадгоҳ аз дохил шоҳбайтҳои Мавлоно нақшкорӣ шудааст.
Ҳангоми ворид шудан ба хонаи рамзии Мавлоно ба “Ҳавлии берун” дохил мешавад. Дар байни ҳавлии берун сутуни кандакоришуда гузошта шудааст, ки он рамзи анҷоми рақси “Самоъ” аст. Аз тарафи рости даромад ба “Ҳавлии берун” “Дарсхона” ҷойгир аст, ки аз ду тиреза ва як меҳроб иборат аст. Хона бо усули анъанавии аҷдодӣ гиландова ё андова бо коҳгил сохта шудааст.
Дар идомаи “Дарсхона” хонаи зисти Мавлоно ҷой гирифтааст. Хона аз ду бахш иборат аст. Даҳлез дорои тоқчаҳо, ҷойи хӯрокпазӣ ва обҷӯшонӣ мебошад, ки ҳама аз гаҷ сохта шудаанд. Бахши дуюм, ки нақши ҷойи истироҳатро дорад, аз сандалӣ ва тахтмон иборат мебошад. Дар ин хона чанд намуна аз кӯрпаву болишт ва либосҳои мардонаи давраи зиндагии Мавлоно гузошта шудааст. Аз тарафи чапи даромадгоҳи ҳавлии беруна китобхона ҷойгир аст.
Китобхона асосан бо сандуқҳо барои нигаҳдории китобҳо гузошта шудааст. Қисмати дохили ин хона тиреза надорад ва фаршаш ҳамвор аст, бо як дари хурд ва як равзана барои додани ғизо аз хонаи берун ҷудо шудааст. Ин манзил вазифаи “Чиллахона”-ро иҷро мекунад. Хонаи берунаи назди “Чиллахона” барои нишаст бо гилем ва кӯрпачаҳо оро дода ёфтааст.
Ҳавлии дарун ё дуюм, ки дорои саҳни васеъ мебошад, бо ду дарахти тути сафед дар марказ ва гул оро ёфта, дар деворҳо токчаҳо барои шамъчароғ ё пилтачароғ оро ёфтааст. Саҳни ҳавлӣ давраи зиндагии Ҷалолиддини Балхиро бозгӯ менамояд. Аз тарафи рости даромадгоҳи ҳавлии дарун меҳмонхона ҷой гирифтааст. Хона гиландова шудааст. Дар охири хона (самти шимолӣ) токчаҳо ва тахтмон барои рахти хоб аз гаҷ сохта шудаанд. Дар охири ҳавлии дарун хонаҳо барои зист, ки аз ду бахш “Мардона ва “Занона” иборат мебошанд, ҷой гирифтаанд. Хона барои занҳо аз даҳлез бо пешайвон, хонаи нишаст ва дарун, ки дорои тахтмон мебошад, иборат аст.
Хонаи мардона низ аз даҳлез, хонаи берун ва хонаи дарунӣ иборат мебошад.
Ин хонаҳо бо гилем, қолинҳо ва кӯрпачаву болиштҳои мувофиқ ба замони Мавлоно оро дода шуда, дар деворҳои он намунаҳои гуногуни либосҳои мардонаву занонаи ҳамон давр овехта мешаванд.
Даромадгоҳи хонаҳои мардона ва занона аз ҳам ҷудо, дар самтҳои гуногун ҷойгиранд.
Аз тарафи рости даромади ҳавлии дарун ошхона ва танӯри нонпазӣ ҷой гирифтаанд.
Т. ТОЛИБЗОДА,
Н. САИДАБРОР,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...