КАЮМАРС ВА ОҒОЗИ ТАМАДДУН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 163
Каюмарс оини подшоҳиро ба ҷаҳон овард ва ӯ нахустин подшоҳ шуд. Бохирад марде буд, ақли ҷӯяндаву офарандае дошт. Каюмарс мақомгоҳашро аз ҷангалзор ба кӯҳсор кӯчонида, пойтахти худро дар вай устувор кард. Нахуст худи Каюмарс пӯшоки баргинаро ба паланги-на табдил дод, ки ин қадаме ба сӯи тамаддун буд.
Саги ёбоӣ бо одамон унс гирифт ва боқадр шуд, зеро онҳоро аз ҳуҷуми душманон ва ҳайвоноти даранда огоҳ мекард.
Мардумон хурӯсро ҳам азиз медоштанд, зеро ақида доштанд, ки бонги хурӯс торикиро пароканда мекунад ва мардумонро ба ибодатгоҳи саҳаргоҳӣ ва кору меҳнат даъват менамояд. Донишу қудрати Каюмарсшоҳ чандон боло гирифт, ки рафта-рафта ҳукмаш ба дарандагон ҳам раво гардид. Тибқи ривоятҳо Ка-юмарс сӣ сол бо адлу дод подшоҳӣ кардааст.
Чунин гуфт, к –“Оини тахту кулоҳ,
Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ”.
Каюмарс шуд бар ҷаҳон кадхудой,
Нахустин ба кӯҳ андарун сохт ҷой.
Ба гетӣ дарун сол сӣ шоҳ буд,
Ба хубӣ чу хуршед бар гоҳ буд.
Даду дом, ҳар ҷонвар, к-аш бидид,
Зи гетӣ ба наздики ӯ орамид.
Р. РАҲМАТОВА, «Хатлон»
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...