ХАТЛОН: СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ХОРИҶИ КИШВАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 169
Имрӯз, 25 сентябр, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.
Тибқи иттилоъ аз ҳудуди вилояти Хатлон дар 14 мошини боркаш наздики 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки ин корвон 18 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ангур, каду, лаблабӯ, пиёз, карам ва ғайраро дар бар мегирад.
Тибқи иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар дар ин давра танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 14985 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6022 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар ин давра ба ҳолати 4 сентябри соли ҷорӣ тибқи иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон ҳамагӣ ба миқдори 14985 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, аз он ҷумла содироти пиёз 8633 тонна, карам 253 тонна, лаблабӯ 475 тонна, кадуи сабз 46 тонна, писта 568 тонна, чормағзи заминӣ 18,6 тонна, ангур 396 тонна, сирпиёз 8,6 тонна, зардолу 572 тонна, тарбуз 402 тонна, харбуза 6 тонна, себ 36,8 тонна, шафтолу 95,7 тонна, тухми офтобпараст 498 тонна, олу 2277 тонна, қаламфур 17,5 тонна, нок 20 тонна ва меваи хушк (чормағз) 681 тоннаро ташкил медиҳад. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон 6267 тонна, Афғонистон 1680 тонна, Қазоқистон 2893 тонна, Россия 3386 тонна, Ӯзбекистон 681 тонна ва Белорусия 76 тонна содирот карда шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути роҳи оҳани Хатлон 22 қатора бо вазни умумии 1329 тонна пиёзи барвақтӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Россия содирот карда шудааст.
Инчунин, дар асоси маълумот оид ба содироти пиёз мувофиқи иттилои Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд дар ин давра 13243 тонна пиёзи барвақтӣ (аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон) ба воситаи гузаргоҳҳои гумрукии вилояти Суғд ва 1055 тонна пиёзи барвақтӣ ба воситаи гузаргоҳи гумрукии шаҳри Турсунзода ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Россия содирот карда шудааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бо бунёди шумораи бештари марказҳои логистикӣ, марказҳо ва коргоҳҳои банду басти маҳсулоти тайёр ва анбору сардхонаҳо дар вилояти Хатлон соҳибкорон мавқеи худро дар бозорҳои хориҷи кишвар мустаҳкам намуда истодаанд.
Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ тамоми сохторҳои марбута вазифадор гаштаанд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ба раванди корҳои содиротӣ аҳамияти ҷиддӣ равона созанд.
Роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Душанбе–Бохтар-Панҷи Поён-Афғонистон; Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Кулма-Чин; Қизилқалъа–Ҷарбуҷа–Узбекистон, Бохтар–Данғара-Кӯлоб ва дигар роҳҳои замонавии таҷдиду навсозигардидаи ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, ки тавассути онҳо молу маҳсулот ҳамлу нақл мегарданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки то имрӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00