Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани масъулон барои саривақт тоза накардани партовгоҳҳо


Ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани масъулон барои саривақт тоза накардани партовгоҳҳо




Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратии    Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ду далели  ба табиат харобиовари баъзе аз масъулинро ошкор карда шуд. 

Дар ин бора як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи "Хатлон" хабар дод.

Ба иттилоъи манбаъ шаҳрванд Додобоев Камол дирктори Боғи Фарҳнгӣ-фароғати ба номӣ Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар  як гӯшаи боғро ба таври худсарона ба партовгоҳ табдил дода, муддати тулонӣ партовгоҳро тоза накардааст.  Ин боиси он гардидаст, ки муҳити атроф ифлос гардида, ба истироҳати сокинон халал ворид шавад.

Ба ин монанд, шаҳрванд Қуватов Мирзомурод Ҷулдошович, ки дар вазифаи сармуҳандиси Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии комуналии шаҳри Бохтар фаъолият намуда, ҳамчун шахси масъул дар тоза намудани партовгоҳҳои шаҳри Бохтар маҳсуб мешавад, аз бемасъулиятӣ ва нодуруст иҷро намудани ӯҳдадориҳои меҳнатиаш муддатҳои тӯлонӣ дар партовгоҳҳо миқдори зиёди партовҳо ҷамъ шудаанд. 

Нисбати ҳарду барои назорат ва тоза накардани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода