Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ


БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ




Имрӯз, 23 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи 33-юми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб - раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар меҳмонону  иштирок намуданд. 

Пеш аз оғози конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд. 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода суханронӣ намуд. 
Қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб фаъолияташро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои Анҷуманҳои XIII ва XIV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлисҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нақшаҳои кории Кумитаи иҷроия ва пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин раванд корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагиро ба роҳ мондаанд. 

Сипас, баромадкунандагон  Раҳмон Дилшод, Асозода Ҳотам, Одиназода Латофат, Рустамов Шарофиддин ва дигарон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро қаноатбахш ҳисобиданд. Барои дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ пешниҳодҳо намуданд. 

Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон сухан карда истодаем.

Дар воқеъ, танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.



Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни баромади хеш оид ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро қаноатбахш ҳисобида, баҳри боз ҳам густариш додани корҳои ҳизби дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб якчанд дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамзамон зикр дошт, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби аъзокунӣ ба сафи ҳизб ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ яке аз фаъолиятҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем. 

Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисто Шарифҷон Ҳакимзода, суханронӣ намуда иброз дошт, ки воқеан ҳам, мо аъзо ва фаъолони ҳизбро, ки вазифаи асосиамон рушди маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, лозим аст, дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҳизбамон бо ҷавонон бештар кор кунем ва дар айни замон таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, ба муд табдил ёфтани амалҳои ғайриахлоқӣ ва таъсиррасониҳои пушидаву кушодаи гурӯҳҳои ифротиро ба мафкураи ҷавонон саривақт безарар гардонем.
Рӯйи кор омадани қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” ба ҳисси худшиносии мардум таъсири мусбат гузошта, ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат кард.

Дар қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ва якчанд ҷавонон ба сафи ҳизб шомил шуда, ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

А. Абдулмаҷид "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода