КӮЛОБ. ҲАМОИШИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНОВОН “ҲИКМАТИ РӮДАКӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 110
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба гиромидошти қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷику-форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии тантанавии вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳр Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки муҷассамаи устод Рӯдакӣ қомат афрохтааст гулчанбар гузошта, дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дидан намуданд.
Баъдан муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба гиромидошти Рӯзи қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷику-форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ табрик намуда ба аҳли қалам комёбиву саодатмандӣ ва қуллаҳои баланди эҷодиёт таманно намуданд.
Зикр доштанд, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Рӯзи Рӯдакӣ», бо тантана қайд мегардад. Тавре, ки маълум аст, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз саромадони шеъри форсии тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бо назми оламгир ва нотакрори худ ҳамчун тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари насли ҷавон ба сӯи созандагиву офарандагӣ мақому ҷойгоҳи шоистаро сазовор аст.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем».
Дар идомаи ҳамоиш раиси шаҳр Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, иброз дошт, ки Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки «Устод Рӯдакӣ бо қудрати ҷонофарини сухан, ҳикмату дониши комил ва маҳорату ҳунари шоирии худ тавонист ҷаҳони шеъри тоҷикиро бо ашъори ҷовидонаи худ бекарона созад. Аз ин рӯ номи Рӯдакӣ рамзи ҷовидонаи шеъри ҳакимонаву оламгири мо мебошад».
Рӯзи Рӯдакӣ ба ташаккули ҳисси ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву оянда нерӯ мебахшад ва масъулияти онҳоро дар рушду пешрафти Тоҷикистон меафзояд.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, қайд намуд, ки рамзист, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён-устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Таърихи ҳазору садсолаи адабиёти тоҷик бо номи устод Рӯдаки сахт вобаста аст. Муассиронаш ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои ифтихории Одамушуаро, Қофиласолори назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, ёд мекунанд.
Ҳадаф аз таҷлил намудани Рӯзи Рӯдакӣ гиромидошт ва арҷгузорӣ ба асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги ғановатманди гузаштагонамон мебошад.
Ҳамзамон дар ҳамоиши мазкур Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб баромад намуда, аз бузургии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ёд намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба як қатор фаъолон ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш гурӯҳи донишҷӯёни донишгоҳ аз ашъори пурғановати шоир порҷаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд. Инчунин Ҷумаъхон Сафаров ва ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода ва Хонаи маданияти донишгоҳ аз эҷодиёти шоири ширинкалом таронасароӣ намуданд.
А. Абдулмаҷид “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...