Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУРОҶИАТНОМАИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ “БАРҚИ ТОҶИК”


МУРОҶИАТНОМАИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ “БАРҚИ ТОҶИК”




Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки зимистони соли гузашта камбориш омад ва захираи об дар минтақаҳои ташаккулёбии дарёи Вахш хеле кам гардид. Сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат норасоии мавсимии неруи барқро ба миён меорад.

Дар ин замина,  мутахассисони соҳа соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соатро пешгўӣ кардаанд.

Таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини сифатноки барқ дар мавсими сармо ҷорӣ кардани маҳдудият дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои аҳолӣ мушкилоти зиёд намеорад. 

Бино бар ин, шуруъ аз 22 сентябри соли 2024 дар ҳолатҳои зарурӣ дар таъмини неруи барқ маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқро сарфакорона истифода намоянд.

Маркази матбуоти ҶСК "Барқи Тоҷик"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода