ДАНҒАРА: ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС ВА ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ СОМОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 73
Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сомони ҷамоати деҳоти Корез барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.
Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳа, иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 2 ошёна иборат шуда, аз синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
Фармоишгар Филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, лоиҳакаш КВД “Лоиҳакашию истеҳсолӣ, меъморию банақшагирӣ”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва пудратчӣ “Тиҷорат-16” мебошад.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳа, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд иҷро намуда, то муҳлати муқарраргардида иншоотро ба истифода диҳанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00