ДАНҒАРА: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАРӮХ БУНГОҲИ ТИББИРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 99
Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Лоларухи ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи соҳаи тандурустӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар намояндагони мақомоти дахлдори соҳавӣ ширкат намуданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва ба тандурустии аҳли ҷомеа овардани шароити боз ҳам беҳтар мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дорои 3 утоқи корӣ буда, бо талаботҳои меъморӣ бунёд гардидааст. Бунгоҳи тиббӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, мушкили чандинсолаи деҳаро бартараф кард.
Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат афзуд, ки дар баробари дигар соҳаҳои муҳим, соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намуда, бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони таҷрибадору соҳибтахассус таъмин гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Бояд зикр намуд, ки баҳри пешрафти кори соҳа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла дар деҳот ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони бонангу номус, шахсони эҳсонкор ба ифтихори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 477 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, 133 адади он аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00