ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 46 ДАР ДЕҲАИ САФЕДСАНГ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 315
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти гуногуни соҳаҳои маорифу тандурустӣ, истеҳсолӣ, савдову хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Имрӯз, 19 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар деҳаи Сафедсанги ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раами 46-ро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд сохта шудааст.
Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода супоридани муассисаи нави таълимӣ, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2022 оғоз гардида, он дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна" бо ҷалби мутахассисони ҶДММ “Муҳандис Биносоз” бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 30 нафар сокинон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо шароити фароҳамовардашуда дар даргоҳи нави маърифат шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ шарт ва зарур буда, дар беҳсозии шароити зиндагии мо нақши муассир дорад ва рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва забономӯзӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 адад иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00