Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез


Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез



19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.

Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур рӯйи даст гирифта шудааст.

Зимни муаррифии лоиҳа, иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 2 ошёна ва 5 бино иборат шуда, аз 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода