Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева


Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева




19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоеваи маркази ноҳияи Данғара баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки мактаб барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, пурра аз ҳисоби сокинони ноҳия, аз ҷумла, соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва то соли таҳсили 2026-2027 ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода