Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон


Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон




19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.


Барои сохтмони бинои 7 ошёнаи марказ бо таҳхона, дар маркази ноҳия 18 садяк замин ҷудо гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои нав толори маҷлисӣ бо 200 ҷойи нишаст, ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории Маркази ҷавонон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, иттифоқи ҷавонон ва як толори хурд барои суҳбату вохуриҳо сохта мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода