МТИ макони ҳунаромӯзӣ аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 255
Соҳаи маориф дар сиёсати дохилии мамлакат чун соҳаи афзалиятнок мавқеъ гирифтааст ва дар рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши басо муҳим дорад. Ба ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир намуда, дар ин росто тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ баҳри пешрафту равнақи соҳа тадбирҳои судманд рӯйи кор омадааст.
Таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гар-донидани майлу рағбат ва тала-боти маънавии онҳо нигаронида шудааст.
Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои муҳими ғанӣ гардонидани малакаю маҳорат ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон ба шумор рафта, дар бедор намудани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ, варзишӣ нақши муҳимеро мебозад.
Айни ҳол дар ҳудуди вилояти Хатлон 27 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд, ки дар он 366 маҳфил бо фарогирии 14838 хонандаи муассисаҳои таълимӣ ба маҳфилҳо мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 28308 маҳфилҳои наздимуассисавӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 243240 хонанда ҷалб гардидааст.
Аз шумораи умумии хонандагони вилоят дар назди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ 258078 нафар (29,9%) аъзо ҷалб шудаанд.
Бояд зикр дошт, ки 15 сентябри соли равон дар тамоми ҷумҳурӣ Рӯзи кушодашавии Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид. Бо ин мақсад дар муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он чорабинӣ доир шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вило-яти Хатлон маҳфилҳои зерин ҳамарӯза фаъолият намуда, ба наврасону кӯдакон ҳунару дониш меомӯзанд: “Забондон”, “Ровиён”, “Дӯзандагӣ”, “Попурӣ”, “Дастони моҳир”, “Гӯштин”, “Чакандӯзӣ”, “Ҳунарҳои мардумӣ”, “Географони ҷавон”, “Математикони нав-рас”, “Бофандагӣ”, “Компютер”, “Биологони ҷавон”, “Гулпарварӣ”, “Маркази инкишофи кӯдак”, “Хониши бадеӣ”, “Забони русӣ”, “Ихтироъкорони ҷавон”, “Сарояндагӣ”, “Навозандагӣ”, “Нозирони наврас”, “Шашка”, “Шоҳмот”, “Химикони ҷавон”, “Физикони наврас”, “Таърих ва кишваршиносӣ”, “Хаттотон”, “Навниҳол”, “Табиатдӯстон”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “«Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат”, “Забоншинос”, “Ватанпарвар”, “Ороишгари наврас”, “Бонги най”, “Навниҳол”, “Кулолӣ”, “Заргарӣ”, “Техникони ҷавон” ва ғайра таъсис дода шудааст, ки пайваста фаъолият менамоянд.
Аз ин хотир, таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, ҳамзамон баргузору роҳандозӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “«Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат” баҳри расидан ба ҳадафҳои болозикр, аз ҷумла тарғиби ба илму дониш, касбу ҳунаромӯзӣ ва таъриху фарҳанги миллӣ рӯ овардани наврасону ҷавонон, инчунин фароҳамсозии шароитҳои дарёфту рушди истеъдодҳои нав ва ба таври шоиста ҳавасмандгардонии ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳо мебошад. Баргузории озмуни мазкур чорабинию иқдоми бузурги маърифатию фарҳангӣ буда, дар шинохту худогоҳии миллӣ ва ифтихори соҳибистиқлолию ватандо-рии шаҳрвандон, махсусан навра-сону ҷавонон нақши муҳим дошта, дар сатҳи ҷумҳурӣ дар фазои тантанаи чорабиниҳои маънавию маърифатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар минтақаи Бохтар бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, кӯшиш менамояд, ки фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои босифати нақша – чорабиниҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монад.
Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...