Вохӯрӣ бо донишҷӯён дар шаҳри Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 170
Имрӯз, 17 сентябр, дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо ҷавонони вилоят доир гардид.
Дар он мавзуи пешгирӣ намудан аз пошхӯрии оилаҳо, ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, донишҷӯён ва устодони коллеҷ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон А. Абдусаломзода ба сухан баромада, қайд дошт, ки яке аз омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳо ин дуруст надонистан ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона маҳсуб меёбад. Падару модарон ҳангоме ки духтарони худро ба шавҳар медиҳанд, вазифадоранд, ки онҳоро ҳаматарафа ба ҳаёти мустақилона омода созанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки омили дигари барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ шуда метавонад. Зеро ҷавонони имрӯза ба ҷойи ҳунаромӯзиву ба зиндагӣ омода шудан, бештари вақти худро ғайримақсаднок дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки ин бар зарари онҳост.
-Ҷавонон бояд зираку ҳушёр бошанд, фирефтаи ҳар гуна ташвиқоти ғаразноки гурӯҳҳои тундгаро нашаванд. Пайи илмомӯзӣ гарданду барои ободӣ, амният, саломатӣ ва рӯзгори босаодати шаҳрвандони ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд. Зеро давлату Ҳукумат шароити мусоид барои таҳсили ҷавонон, соҳиби илму маърифат ва зиндагии шоистаи онҳо муҳайё намудааст. Ва дар навбати худ онҳоро мебояд, ки ҷавобан ба ҳама ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат талош кунанд, илм омӯзанд ва баҳри пешрафти ҷомеаи мутамаддин саҳми худро гузоранд, - гуфт зимни баромади худ муовини раиси вилояти Хатлон А. Абдусаломзода.
Ҷавондухтарон бояд ба сару либоси худ аҳамияти ҷиддӣ дода, аз пӯшидани либоси бегона худдорӣ намоянд. Зеро модарону бонувони тоҷик аз азал бо пӯшидани либоси тоҷикона ба мисли атласу адрас, ба сар кардани рӯймолони зебо иффати зани тоҷикро ҳифз кардаанд.
Набиҷони Саидаброр,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...