Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас кай баргузор мегардад?


Даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас кай баргузор мегардад?




22 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивал ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад. 

Ба иттилои масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги матоъҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адраси ватанӣ ва муайян намудани истеъдодҳои нав байни тарроҳони ҷавон ва чирадастони моҳир доир мегардад.

Фестивал сабаби густариши фарҳанги миллӣ дар ҳаёти рӯзмарраи мардум хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода