ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ САРМОЯГУЗОРОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВА КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 331
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо дар самти сиёсати робитаҳои хориҷӣ сол то сол рушд ёфта истодааст.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, доираи сармоягузорони Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Сергей Костогрыз Викторович аз шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.
Зимни боздид меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба шаҳри бостонии Кӯлоб хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва шартномаҳои тарафайн бо шарикони рушд дар тамоми самтҳо, аз ҷумла сохта ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ вусъат ёфта истодааст.
Инчунин, дар доираи сафари корӣ меҳмонон бо роҳбарии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр аз корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла Филиали ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Кӯлоб оид ба истеҳсоли навъҳои гуногуни ҷӯроб, корхонаи дузандагии ҶДММ “Нидои Кӯлоб” ва минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуда, аз рафти фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.
Таъкид карда шуд, ки сармоягузорони Федератсияи Россия омода аст, ки дар пешрафти соҳаи саноат дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Меҳмонон зимни қабули туҳфаҳо аз қабулу меҳмонавозии мардуми Тоҷикистони азиз, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо робитаҳои дӯстонаву стратегии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар сатҳи баланд қарор доранд, ки ин аз ташаббусҳои шоиставу созандаи роҳбарони ҳарду ҷониб гувоҳӣ медиҳанд.
А. Абдулмаҷид "Хатлон"
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00