Унвон муборак, Сипеҳр Ҳасанзод!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 115
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни мубораки 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки ба натиҷаҳои шоистаи таҳсин ноил шудаанд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Дар миёни ҷоизадорон нависанда ва рӯзноманигори шинохта Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод низ буд.
Сипеҳр дастпарвари мактаби миёнаи №6-и ноҳияи Восеъ, хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1980), Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (2006) буда, дар зиндагӣ роҳи душвори суханвариро интихоб намудааст. Ибтидои фаъолияташ соли 1981 аз «Газетаи муаллимон» - нашрияи Вазорати маданияти Тоҷикистон оғоз шуда, дертар дар рӯзномаҳои «Роҳи Ленинӣ» ва «Барои коммунизм» ба ҳайси хабарнигор ва котиби масъул кор кардааст. Минбаъд ӯ дар Идораи фарҳанги Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, рӯзномаи «Садои коргар», дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нозири калон, сарнозир, сардори шуъбаи иттилоотӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Гумрук»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Китоби ӯ “Офтобо, ба ғуруб марав...” (соли 2005) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расидааст. Ҳамчунин асари публитсистиаш «Ҳадиси ватандорӣ» аз дастовардҳои замони Истиқлол ва нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ ҳикоят мекунад.
Камина дар як матлаб перомуни эҷодиёти ин нависандаи дӯстдошта чунин навишта будам: “Яке аз носирони дар гулистони адабиёт гулҳои хушбӯи зиёде биншонда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод аст. Ӯ боҷуръат ва боварибахш ба гулистони насри адабиёт қадам гузошт ва давоми бештар аз чил сол дар ин гулистон чан-дин ниҳоли ҳамешабаҳор низ сабзондааст.
Маҷмуаҳои ӯ гулчини қиссаву ҳикоёти диловезро фаро мегирад ва тасдиқи ин гуфтаҳо аз нигориши мондагораш ҳувайдост”. Нависанда ба василаи қиссаву ҳикояҳо фик-ру андешаашро дар мизони сухан месанҷад ва бо тарзи малеҳ, боғановату фасеҳ ба қалам медиҳад. Аз баҳои адабиётшиносон, мунаққидон ва суханварон пайдост, ки Сипеҳр бо сабки вижа нависандаи рангинхаёл аст. Дар эҷодиёти ӯ мавзуи меҳварии адабиёти бадеӣ - инсонгароӣ мушоҳида мешавад. Маҷмуаҳои қиссаву ҳикоёти «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Офтобо, ба ғуруб марав...», «Боздид», «Парастуҳои саҳна», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Гулхани сабз», «Ҳадиси ватандорӣ», «Дарёдилеву соҳиле...», «Турнаҳои мусофир», «Чароғи ҳидоят» дар шакли китоби алоҳида ва мухтасари романи ӯ таҳти унвони «Порисаеву ворисе» дар сафҳаҳои нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба чоп расидаву истиқболи гарм ёфтаанд. Асарҳои нависанда бештар ба мавзуҳои оила, маниш, маърифату инсонгароӣ, одобу фаросат, далерию шуҷоат, тарбияи одами нав, садоқатмандиву вафодорӣ, лафз ва шикасти нафс бахшида шудаанд.
Нигоранда хатти сужаи ҳикояро ҳунармандона ба риштаи тасвир кашида, қаҳрамононашро дар лаҳазоти
шадиди зиндагӣ табиӣ ва ҷаззоб мео-фарад, ки хоҳу нохоҳ тасхир мешавед.
Сипеҳр дар тасвири манзара ва руҳияи
инсон бозёфтҳои эҷодӣ дошта, сухани гирову қавияш ба ҳадаф мерасад.
Барои намуна: аз ҳикояи «Турнаҳои мусофир», «Паривашони кушодачеҳр бо пироҳани ҳарири сафед зери зам-замаи ғиҷҷак хиромон ба рақс омада, зарифони масалгӯ андешаварӣ ихтиёр мекунанд... Шоирони сафедҷома ба сар дастору болои дастон китоб, ғазалхон ба давра меоянд. Мегӯӣ ин ҷо маҷлиси суханварони фарҳехта бо шодиву тараб мегузарад», «Анвори хуршед сар–сари қуллаҳои теғадор акси зарандудӣ ме-баст», «... ангор аз ҷо–ҷои осмон садои тундару шим-шими боронро мешунидӣ. Сайри турнаҳои мусофир дар мағзи инсонҳо ҳамбастагиву дӯстона зистанро илқогаранд».
Муаллиф хатти сужаи ҳикояҳояшро аз ҷӯши ҳаёт барчида, аз худ чизе намебофад. Амалгарони бешафқативу бефарҳангиро наҳ мезанад, суннатҳои миллии азмиёнрафтаро эҳё кардан мехоҳад. Дар коргоҳи эҷодии Сипеҳр таҳқиқи ботини инсон мавқеият дошта, талоши қаҳрамононаш барои тантанаи ҳақиқат ва адолат сурат мебандад.
Санъати саҷъ дар адабиёти бостон роиҷ буда, намунаи барҷастаи онро аз «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ, қитъаоти Убайди Зоконӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ ва дигарон мутолиа мекунем. Насри мавзуни Сипеҳр аз ин доира истисно нест. Чунончи: «Ин будиву он будӣ, дармони касон будӣ, гули сари сабадҳо, аз покнафасон будӣ. Вассофи замон будӣ, пири дилҷавон будӣ, раҳпӯи азизоне, садри ҳакамон будӣ. Бо зам-зами дутораш фавтидаро ҷон будӣ, рушод набинвохтӣ, хуршеди ниҳон будӣ. Алқисса, хасе будӣ пиреву касе будӣ. Будӣ набудӣ будӣ, як пайкари пурдарде, аз вежагии санъат як марди раҳоварде». – (ҳикояи «Хайрбод») Сабки Сипеҳр бо содагиву муъҷазбаёнӣ аз дигар ҳампешагонаш тафовут дорад. Вай бештар ба сирати инсонҳо роҳ мепӯяд. Ин ақида дар ҳикояи «Сони сиёҳ»-и ӯ рӯшан ба дид омада, инсонҳоро ба муттафиқиву иттиҳод фаро мехонад. Алоқамандони каломи бадеъ ташнаи мутолиаи осори мондагору пурмуҳтавоянд.
Нависандаи навҷӯю заҳматкаш Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод дар баҳри беканори эҷодиёти бадеии халқу шеваҳои гуногун ғӯта зада, вожа, ибораю таркиб, мақолу зарбулмасал меҷӯяд, то беҳтаринашро ба забони умумихалқию адабӣ ворид бисозад. Комгории ӯ дар ин ҷодаи душвор худ ҳунар аст.
Зафар Мирзоён, донишманди фозил, фарҳангшинос (ёдаш ба хайр!) пас аз мутолиаи нигоштаҳои Сипеҳр изҳор доштааст: “Нависанда аснои бозгӯи воқеаҳо гоҳ-гоҳе аз вожаҳои зебои тоҷикӣ, аз ганҷурхонаи беҳамтои радифу қофияҳои он ҳунармандона истифода мекунад. Чунонки дар ҳикояи «Шабпараки паёмбар» омада-аст: «Бародарони пурҳасрати моанд, ки лаб-лаби рӯди пуртуғён ба лабон байти ғарибона, ҷӯяндаи порисаи вайрона, миёни одамони мулки бегона, аз туфангдорони худонотарс дарунсӯз ҷовидона, надомат хӯранд, ки тамға сохтаасту берӯёна». Ё худ: «… аз таҳмон болои ҷевон, аз палос ба лаълии гелос, аз болишт ба гӯшаи хишт мечаспиду парвозӣ мерафт».
Як паҳлуи услуби баёни Сипеҳр Ҳасанзод, ки дархӯри аҳамият аст ва инҷониб онро талош дар беҳсозии забони насри тоҷик медонам, он аст, ки ӯ то ҷое имкон дорад, кӯшидааст аз анъанаҳои номатлуби як идда аз насрнависони тоҷики асри ХХ, мабни бар истифодаи бемавриди гӯишҳои музофотӣ (дар гуфтугӯи персонажҳо низ), сарфи назар кунад. Шоиста аст ин нуктаро ёдовар шавам, ки агар нависандагони зодаи ҳар кадом аз музофоти паҳнои забони форсӣ-тоҷикӣ ба истилоҳ ба хотири фардӣ кардани симоҳои бадеӣ, аз шеваи гуфтори музофоти хеш ифрот ба амал оваранд, забони адабӣ парешонтар хоҳад шуд”.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои эҷодӣ, дорандаи мукофоти олии давлатӣ-медали Хизмати шоиста, Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2023), Барандаи ҷоизаи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муаллифи 15 маҷмуаи насрӣ, як силсила мақолоти публитсистӣ, филмҳои мустанади «Ғаввоси уқёнуси илм», «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё», «Саричашма», «Мӯйсафед ва хирс», «Писарак» ва «Падар» буда, публитсистикаи «Ҳадиси ватандорӣ» аз ҷониби Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм ба забони модарӣ барои китобхонаҳои мактабҳои миёнаву олӣ тавсия шудааст. Гулчини ҳикоёт ва публитсистикаи нависанда ба забонҳои русӣ, инглисӣ, олмонӣ, форсӣ, белорусӣ, фаронсавӣ, арабӣ, марӣ ва ӯзбекӣ чоп шудааст.
Намунаи осори адибони ҷаҳонӣ Лев Толстой, А.П. Чехов, Шоҳи насри Гурҷистон Михаил Мишевеладзе, В. Распутин, В. Шукшин, Ион Лука Караҷале, инчунин, китоби Барандаи Ҷоизаи ҷавонони Ҷумҳурии Мари-Эл Юрий Артамонов («Вкус земляники») «Шаҳди марминҷон»-ро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Мо низ ба муроди тавфиқи бештар нависандаи хушном Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзодро барои шарафёб шудан ба мукофоти олии давлатӣ – Корманди шоистаи Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш бозёфтҳои нави эҷодӣ таманно дорем.
Муҳаммад ЛУТФУЛЛОЗОДА,
академик
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00