Ҷамъоварии пахта бомаром идома дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 113
Имрӯзҳо дар вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони вилоят баҳри беталаф ғун доштани ҳосили “тиллои сафед” аз тамоми воситаву имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ имсол тибқи дурнамо дар вилоят бояд зиёда аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
Пахтакорони хатлонӣ ният доранд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва таҷрибаи андӯхтаашон ҳосили фаровон ба даст оранд.
Маврид ба ёдоварист, ки аллакай дар вилоят аввалин шуда, ноҳияҳои Қубодиён ва Ёвон ба ҷамъоварии пахта шурӯъ намуданд.
Тибқи иттилои бадастомада, то 12 сентябри соли равон дар вилоят 11807 ҳазор тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ гардидааст. Пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Бохтар (9,75%), Шаҳритус (9,45%), Кӯшониён (9,42%), Фархор (8,13%), Левакант (8,03%), Вахш (5,39%) пешсаф мебошанд.
Қобили зикр аст, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини бахши саноати сабук бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта васеъ ва истеҳсоли он ба маротиб зиёд мешавад. Ҳамзамон, парвариши ин зироат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.
Т. ТОЛИб,
«Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...