Нуқтаи сайёри қабули шаҳрвандон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 69
Дар вилояти Хатлон тайи чанд соли охир бо мақсади саривақтӣ ва дар маҳалли зист ҳаллу фасл намудани мушкилоти мардум аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ қабули сайёри шаҳрвандон мунтазам доир карда мешавад. Яке аз ташкилоти ҷамъиятие, ки чунин қабули сайёрро баргузор мекунад, Шурои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон мебошад.
Ҳафтаи сипаригардида қабули сайёри шаҳрвандон дар ҷамоатҳои деҳоти “Каленин” ва “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Дар вохӯриҳои мазкур аъзои Шуро, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, нозирони минтақавӣ, шуъбаи маориф, бахши занону ҷавонон, ходимони дин, омӯзгорон ва сокинон деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои болозикр иштирок доштанд.
Раиси Шурои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоҳутӣ Шоназаров суханронӣ намуда, доир ба мақсаду моҳияти ин вохӯрӣ ибрози назар карда, аз ҷумла гуфт: “Мақсади асосии вохӯрии имрӯза мустаҳкам намудани ҳамкории сокинон бо мақомоти милитсия, назорат намудани сатҳу сифат ва шинос шудан бо кору фаъолияти нозирони минтақавӣ дар маҳал, шунидани муроҷиатҳои сокинон, мусоидат намудан дар ҳаллу фасли мушиклоти онҳо, фаҳмонидану шарҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, тарғиби пӯшидани либосҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ғайра мебошад”.
“Моро лозим аст, ки дар пешгирӣ намудан ва коҳиш додани ҷинояту қонуншиканиҳо дар кишвар саҳми худро гузорем.
Барои расидан ба ин мақсад сокинон вазифадоранд, ки нисбати кору фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бетараф набуда, дар нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҷустуҷӯ ва дастгирӣ намудани қонунвайронкунандагон дар паҳлуи кормандони милитсия бошанд ва бо онҳо ҳамкорӣ намоянд”, - гуфт зимни баромади худ Л. Шоназаров.
Сарнозири шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ оид ба нозирони минтақавии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон М. Абдуалимзода доир ба дар таҳрири нав қабул шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаҳои худро баён кард.
-Аз нахустин рӯзҳои қабул гардидани қонунҳои мазкур дар ҳаёти шаҳрвандони кишвар, махсусан, дар гузаронидани маъракаҳои азо ва хурсандӣ сабуктар шуда, сарфу хароҷоти зиёдатӣ, хурофоту таассуб, зиёдаравиро намоишкории бемаънӣ қариб, ки аз байн рафтааст, - гуфт Маҳмадсолеҳ Абдуалимзода.
Дар идомаи вохӯрӣ андешаҳо дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ гуфта шуд. Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки баъзе аз ҷавонони камсаводу зудбовар ба осонӣ ба доми фиреби ин гуна гурӯҳҳо афтода, ҳаёти худ ва дигаронро доғдор мекунанд.
Раиси Шурои ҳамоҳангсозии ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Л. Шоназаров таъкид дошт, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси сиёсати инсонпарварона ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба доми фиреби ин гурӯҳҳо афтодаанду аз кардаашон пушаймонанд ва худ ба мақомоти дахлдор омада иқрор мешавад, онҳоро мебахшад. Дар ин росто метавон аз фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар чанд соли охир мисолҳои зиёд овард.
Пас аз суҳбат ва саволу ҷавоб миёни аъзои Шуро дар саҳни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва №21 аз ҷониби кормандони Нуқтаи қабули сайёр қабули сайёри сокинон доир гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи амалӣ намудаи лоиҳаи “Ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 автомобили муҷаҳҳаз бо тамоми шароити қабули шаҳрвандон дастрас гардида, имрӯз дар минтақаи Бохтар ду ва дар минтақаи Кӯлоб панҷтои он дар хизмати мардум мебошанд.
Дар ҳафт моҳи соли 2024 аз ҷониби аъзои Шуро дар шаҳру навоҳии вилоят вохӯриву суҳбатҳои зиёд гузаронида шудааст, ки дар онҳо сокинон барои ҳаллу фасли мушкилоташон муроҷиат намудаанд.
Т. Толиб,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00