ИФТИТОҲИ ЯКЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР БОХТАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 169
Ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 8 сентябр, дар маҳаллаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар як майдончаи хурди футбол ва 3 майдончаи бозиҳо барои бачагон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншоотҳои ҷашнӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок карданд.
Зимни мулоқоти Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят бо сокинони маҳаллӣ қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ҳамчун роҳбари муборакқадаму покдил дар қатори дигар муборизону ватанхоҳону ватанпарастон ва миллатдӯстони тоҷик, ки дар тӯли таърихи башарият борҳо номуси ватандориро нишон додаанд, барои барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикон заҳмати мондагор кашидааст, - зикр кард Сарвазири мамлакат.
Сокинони маҳаллаи "Хатлон" бо ифтихор аз дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ гуфтанд, ки аз неъмати истиқлолу озодӣ шукрона мекунем, ки ба шарофати он то ба имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон, аз он ҷумла шаҳри Бохтар, даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд гардидааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00