БУҲРОНИ ГЛЯТСИОЛОГӢ - КРИОСФЕРӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАШАББУСИ ШАШУМИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 148
Боиси ифтихори бузургу саодати азим аст, ки дар таърихи 13 августи соли 2024, зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи ҷадиде таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид. Даҳсолаи мазкур ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст.
Бо қабул гардидани ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои ил-мии сатҳи ҷаҳонӣ ба вижа тавассу-ти баргузории тадқиқоту монито-ринги илмии алоқаманд ва инчунин, талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли ма-соили марбут ба коҳишёбӣ (дегра-датсияи) пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
Зеро ба андозаи 1,5°С афзудани ҳарорати ҳавои наздизаминӣ, яъне гармшавии глобалии иқлим, олимону коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ҳадди ақал нисфи пиряхҳои имрӯза то соли 2100 аз байн мераванд. Аз соли 1990 инҷониб дар лавҳаи азими яхбандии Гренландия 4,890 миллиард тонна (Гт) ва давоми солҳои 1992-2020 дар майдони бузурги яхистони Антарктида 2,670 Гт об шудани ях далели бармалои коҳишёбии пиряхҳо дар навоҳии қутбии сайё-раи Замин аст. Бо чунин миқдори бағоят бузург обшавии пиряхҳо дар манотиқи Арктика ва Антарктида пайомадҳои ногувор дорад ва зиёда аз ин, дар тӯли 30 сол 4 маротиба афзудааст.
Дар баробари ин, гузориши махсуси гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (ГКБТИ) оид ба уқёнус ва криосфера дар раванди тағйирёбии иқлим, гузоришҳои ГКБТИ дар солҳои 2021 (Асосҳои илмии физикӣ) ва 2022 (Таъсирот, мутобиқшавӣ ва осебпазирӣ), ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки дар бораи босуръат обшавии пиряхҳо, камшавии яхбандиҳои доимӣ ва инчунин, пайомадҳои хатари ногувори он тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешад. Чунки раванди мазкур бо тавъам омада-ни гармшавии глобалии иқлим ва афзоиши партови газҳои гулхонаӣ вусъат ёфта, оқибатҳои хеле бад дорад. Аз ин рӯ, инсон наметавонад бидуни кӯшишҳои босуръ-ат оид ба коҳиш додани таъсири гармшавии иқлим ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера раванди обшавии пиряхҳо ва камшавии майдони яхбандиҳои доимиро дар асри ҷорӣ боз дорад.
Ҳарчанд оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар криосфера дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайомадҳои манфии экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд, сабаби асосии он, пеш аз ҳама, фаъолият ва таъсироти бевоситаи инсон дар берун аз ин минтақаҳо мебошад. Тағйироти мазкур метавонад барои хатари офатҳои табиӣ, экосистемаҳо ва одамон оқибатҳои бебозгашт дошта бошад ва ҳамзамон, ба амнияти обию озуқавории беш аз 2 миллиард нафар аҳолии кураи арз таъсири бевосита дорад. Зиёда аз ин, коҳишёбии ҷузъҳои ҷудогонаи криосфера, бахусус пиряхҳову яхбандиҳо дар Гренландия ва Антарктида, барои 50% баланд шудани сатҳи баҳрҳо ҳиссаи бево-сита дошта, ба доман густурдани гармшавӣ дар уқёнусҳо низ таъсири мустақим доранд. Бинобар ин, дар шароити имрӯза гузаронидани тадқиқоти ко-милан нави илмӣ оид ба қутбҳо ва пиряхҳо барои беҳтар фаҳмидани аҳамият ва оқибатҳои онҳо дар раванди гармшавии глобалии иқлим барои инсоният бағоят муҳим аст.
Маҳз бо назардошти ин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз намуданд: «Ба мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикони худ тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ намоем». Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки кӯшишҳо ва ҳамкориҳои муштаракро ҷиҳати омӯзишу пажуҳиши навоҳии қутбӣ ва пиряхҳои онҳо бештару мунтазам гардонад, то ба ин бӯҳрони дарпешистода дуруст мубориза барад.
Барои ин, зарурати дарёфт намудани имконоти нав оид ба мустаҳкам гардонидани ҷамъияти илмӣ ва вусъат бахшидани тадқиқоти илмӣ аҳамияти бағоят бузург дорад.
Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки барои ҳалли мушкилоти марбут ба криосфера, Солҳои бай-налмилалии қутбӣ (Соли якуми байналмилалии қутбӣ, 1882-1883;
Соли дуюми байналмилалии қутбӣ, 1932-1933; Соли сеюми байналмилалии қутбӣ, 1957-1958 ва Соли чоруми байналмилалии қутбӣ, 2007-2008) [6] таъсис ёфта, барои пешбурди кӯшишҳои муштараки байналмилалӣ дар минтақаҳои қутбӣ як қатор корҳои илмӣ ва амалӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари хирадманду дурандеш ва ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим ва дар маҷмӯъ, масоили муҳимми глобалии экологӣ ҷаҳду талош намуданд ва аҳамияти умумисайёравию умумиинсонӣ доштани улуми қутбшиносӣ ва яхшиносиро нишон диҳанд.
Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ барои тақвияти мавзуи об дар Рӯзномаи ҷаҳонии иқлим нақши назаррас дорад ва ин нуктаро каломи Президенти кишвар бармало менамояд: «Пуштибо-нии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад».
Дар меҳвари ташаббуси «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» қабл аз ҳама ноил шудан ба ҳадафҳое, чун баланд бардоштани сатҳи амният дар фазои қутбӣ, ба танзим даровардани боркашонӣ тавассути Арктика, рушди туризм дар навоҳии қутбӣ, дастгирии омӯзишу пажӯҳиш оид ба пиряхҳо ва қутбҳо, пурзӯр намудани ҳифзи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи баҳр, таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ бо иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ғайра қарор дорад. Зеро дар асоси натиҷаҳои гузориши Идораи СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат таҳти унвони «Пиряхҳо дар ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ» дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо омадааст, ки то соли 2050 пиряхҳои объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки дар сеяки онҳо пиряхҳо мавҷуданд, аз байн мераванд. Дар тақвияти ин, дар эъломияи Ниша-сти қутбии «Як cайёра» (Париж, 8 ноябри соли 2023) зикр шудааст, ки дар Африқо, Амрико, Осиё, Аврупо, Уқёнусия ва Антарктида та-наззулёбии бебозгашти 200 000 пи-рях мушоҳида гардида, танҳо дар муддати солҳои 2021-2022 суръати обшавии яхҳо нисбат ба даҳсолаи қаблӣ ба ҳисоби миёна 20% зиёдтар будааст.
Дар баробари ин, дар доираи Соли сеюми байналмила-лии қутбӣ ва ё Соли байнамила-лии геофизикӣ ҳолати пиряхҳои
Арктика ва тамоюли динамикиионҳо давоми солҳои охир мавриди таҳлилу муқоиса карор гирифт.
Таҳлили маълумотҳои тавозуни массаи пиряхҳо дар навоҳии арктикии Канадаю Россия, ҷазираҳои Шпитсбергену Гренландия ва нимҷазираи Скандинавия нишон медиҳад, ки обшавии ях дар айни замон на танҳо аз тавозуни массаи сатҳии пиряхҳо (ташкилдиҳандаи иқлимӣ), балки аз афзоиши маҷрои оби ях ба баҳр (ташкилдиҳандаи динамикӣ) низ вобаста мебошад.
Тибқи мушоҳидаи олимон, давоми солҳои 1961-2005 ҳаҷми ях дар пиряхҳои Арктика 66,1 км 3 коҳиш ёфтааст, ки ин ба 0,18 мм/сол баландшавии сатҳи оби баҳр баробар аст. Ҳамзамон, аз рӯйи ҳисобҳои олимон, нобудшавии холиси ях дар Арктика 70% бо камшавии массаи сатҳӣ (таъсироти иқлимӣ) ва 30% бо маҷрои оби ях баҳр (хисороти динамикӣ) алоқаманд мебошад.
Аз таҳлили робитаи эмпирикии байни ҳаҷм ва масоҳати пиряхҳои Арктика муайян карда шудааст, ки аз соли 1952 то соли 2001 пиряхҳо се ҷазираи арктикии Россия, чун Замини Франс-Иосиф, Замини Шимолӣ, Замини Нав тақрибан 250 км 31,6% массаи асосии худро гум кардаанд. Бо назардошти ин далелҳо ва буҳронҳои климатологию глятсиологӣ дар навоҳии қутбии кураи арз, зимни қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз ҳама кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои дахлдори низоми он, дигар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, зерминтақавӣ, мардуми бумӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, шахсони алоҳида даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолияте, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф, ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, дар он бо такя ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ A/RES/77/158 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025», ки қаблан бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, аз ҳукуматҳо, ташкилотҳои байниҳукуматию ғайриҳукуматӣ, дигар ҷонибҳои манфиатдор ва шарикони рушд даъват ба амал оварда шудааст, ки ба Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Даби-ри кулли СММ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдо-ри он, аз ҷумла ЮНЕСКО ва СҶО мудирият мешавад ва барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масоили марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он мусоидат менамояд, саҳмгузор бошанд.
Дар ин қатънома аҳамияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дарҷ ёфта, аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар соли 2025 истиқбол карда шудааст.
Тавре зикр гардид, ташаббуси қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Конеренсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Душанбе, 11 июни соли 2024) пешниҳод гардида, Пешвои миллат аз кишварҳои узви СММ даъват ба амал оварданд, то аз иқдоми аҳамияти ҷаҳонидошта пуштибонӣ намоянд. Ва ҳамин аст, ки дар баробари Тоҷикистон ба ҷониби ташаббуси мазкур кишварҳое, чун Австралия, Белгия, Булғория, Чили, Кипр, Хорватия, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Марокаш, Мозамбик, Нидерланд, Покистон, Перу, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Испания, Швейтсария, Британия, Уругвай ва ғайра ҳамроҳ гардиданд. Ҳамчунин, пешбарии ин ташаббус яке аз натиҷаҳои Нишасти қутбии «Як cайёра» (Париж, 8 ноябри соли 2023) низ ба ҳисоб меравад.
Зимни баргузории Нишасти қутбии «Якcайёра» даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкорҳои байналмилалӣ ҷиҳати коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, тақвият бахшидани тадқиқоти илмӣ дар криосфера вавусъат додани ҳамгироии беҳтари оқибатҳои коҳишёбии криосфера дар таҳияи сиёсатҳо, бештару беҳтар гардонида шаванд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми 40 соли охир ҳарорат дар Арктика аз қимати миёнаи ҷаҳонӣ 4 маротиба бештар афзуда, дар тӯли 45 соли охир яхҳои баҳрии ин минтақа бо суръати баланд коҳиш меёбанд ва дар моҳи сентябри соли 2023 ба ҳадди панҷумин пасттарини яхбандӣ расидаанд. Дар Уқёнуси ҷанубӣ бошад, моҳи феврали соли 2023 хурдтарин қимати яхбандӣ ба қайд гирифта шуд, ки то ин давра ягон маротиба мушоҳида нагардида буд.
Маҳз бо назардошти буҳрони амиқи глятсиологӣ ва криосферӣ, дар рафти қабули эъломияи Нишасти қутбӣ СММ ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ» комилан ҷонибдорӣ ва дастгирӣ ёфт.
Ҳамин тавр, бо қабули ташаббуси шашуми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» нақши боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, кишварҳои узви СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи ин даҳсола иброз менамоянд.
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергети-ка ва экологияи Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00