Исмоили Сомонӣ – рамзи озодӣ ва қаҳрамонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 80
Дар замони соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам шуд, ки мардуми тоҷик ба асолату анъанаҳои қадимаи худ баргашта, саргузашти пурифтихор ва пуршарафи худро шиносад. Дар ҳамин баробар мо иду ҷашнҳои фаромӯшшудаамон ва номи фарзонафарзандоне, ки барои зинда намудани ному тамаддуни миллати тоҷик қаҳрамониҳо кардаанд, дубора эҳё намудем.
Ба хотири гиромидошти хизматҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ дар Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, аз соли 2001 ордени Исмоили Сомонӣ, бо се дараҷа барои шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Соли 1999 ба муносибати 1100-солагии бузургдошти давлати Сомониён дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар майдони Дӯстӣ маҷмааи меъморӣ ба муносибати Ваҳдати миллӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Ҳамчунин, дар воҳиди пулии номиналӣ 100 сомонаӣ акси ӯ гузошта шуд. Яке аз қуллаҳои Помир, яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва кӯчаву хиёбонҳои кишвар ба номи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Ҳамзамон, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муҷассамаи Исмоили Сомонӣ барафрохта шудааст.
Рӯзномаи “Хатлон” дар арафаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе маълумотро доир ба гузоштани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон гирдоварӣ намудааст, ки онро пешниҳоди хонандаи гиромӣ менамояд.
1. Шаҳри Бохтар
Соли ифтитоҳ: моҳи сентябри 1999.
Баландӣ:
Муаллифи асар: А. Бекасиён.
Макони ҷойгиршавӣ: хиёбони Ваҳдат, майдони Парчами давлатӣ.
2. Шаҳри Норак
Соли ифтитоҳ: 20.03.2019.
Баландӣ: 7,5 метр, бо сутунпоя 7 метр.
Муаллифи асар: Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев.
Макони ҷойгиршавӣ: маркази шаҳри Норак.
3. Ноҳияи Кӯшониён
Соли ифтитоҳ: 2000.
Баландӣ:
Муаллифи асар: А. Бекасиён.
Макони ҷойгиршавӣ: шаҳраки Исмоили Сомонӣ, Боғи марказии ноҳия.
4. Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Соли ифтитоҳ: 2002.
Баландӣ: 7 метр.
Макони ҷойгиршавӣ:
шаҳраки Москва, кӯчаи Исмоили Сомонӣ.
5. Ноҳияи Муъминобод
Соли ифтитоҳ: 2012.
Баландӣ: 7,80 метр.
Макони ҷойгиршавӣ: кӯчаи Исмоили Сомонӣ.
6. Ноҳияи Фархор
Соли ифтитоҳ: 2011.
Баландӣ: 3,2 метр, поя 4 метр.
Муаллифи асар: Ш. Мухторов ва С. Ҳафизов.
Макони ҷойгиршавӣ: майдони марказии шаҳраки Фархор.
7. Ноҳияи Панҷ
Соли ифтитоҳ: 2006.
Баландӣ: 4 метр.
Макони ҷойгиршавӣ:
кӯчаи А. Фирдавсӣ.
8. Ноҳияи Хуросон
Соли ифтитоҳ: 2021.
Баландӣ: 9,65 метр.
Муаллифи асар: Маҳмуд Бобоев.
Макони ҷойгиршавӣ:
шаҳраки Обикиик, кӯчаи Исмо-или Сомонӣ.
9. Ноҳияи Шаҳритус
Соли ифтитоҳ: 2000.
Баландӣ: 7 метр.
Макони ҷойгиршавӣ: кӯчаи Исмоили Сомонӣ.
Соли 2021 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарамЭмомлаӣ Раҳмон барои сохтмони Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон санги асос гузошта аст
ОРДЕНИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ходимони илму фарҳанг ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои баланди меҳнатӣ, барои саҳми бузург дар кори сохтмони давлатӣ, муваффақиятҳои калон дар хидмати ҳарбӣ, фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, ҷамъиятию хайрхоҳона сарфароз гардонида мешаванд.
Аз рӯи дараҷа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I эътибори ба-ландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ — ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...