ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » "Корвони дидор" гурӯҳи модаронро ба вилояти Суғд мебарад


"Корвони дидор" гурӯҳи модаронро ба вилояти Суғд мебарад




Имрӯз, 5 сентябр, гурӯҳе аз модарони Хатлон дар даст кулчаю фатир ва савғотӣ ба вилояти Суғд сафарбар гардиданд. Ин гурӯҳи модарон ба дидорбинии фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбӣ мераванд. 

Иқдом бо дастури раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ташкилу роҳандозӣ гардидааст. 

Масъулин мақсад аз баргузории корвони мазкурро аз наздик ошноӣ пайдо кардани волидон аз шарту шароити хизматчиёни ҳарбӣ ва дидори фарзандон унвон карданд.

Хабарнигори рӯзномаи "Хатлон" онҳоро ҳамроҳӣ мекунад, ки аз ҷараёни сафар гузориш хоҳад дод.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода