Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ


ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ




Имрӯз, 5 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳаи Даштигулои деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба марҳилаи дуюми фаъолияти фабрикаи парвариши мурғи гуштӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи паррандапарварӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд. 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Даштигулои ҷамоати деҳоти Даштигуло барои таъмини аҳолӣ бо гушти парҳезии мурғ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назаров Бобомурод фабрикаи паррандапарварӣ ба маблағи зиёда аз 2,9 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Масоҳати умумии фабрика 0,36 гектарро ташкил дода, таҷҳизотҳои он аз хориҷи кишвар, асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. 

Бунёди фабрика ду марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи якуми сохтмони он дар соли 2021 ба анҷом расида, парвариши 13700 сар парранда ба роҳ монда шуда буд.

Марҳилаи дуюми сохтмони фабрика барои парвариши боз 16300 сар парранда ба маблағи зиёда аз 1,7 миллион сомонӣ ба анҷом расида, дар маҷмӯъ парвариши 30 ҳазор сар парранда ба роҳ монда мешавад, ки зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар фабрикаи паррандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии хаво, додани обу ғизо тавассути технологияи муосир амалӣ мешаванд. Хурокаи парранда дар худи корхона истеҳсол мегардад. Ғизои чуҷа асосан аз коркарди ғалладонагиҳо - гандуму ҷуворимакка, равғани офтобпарпаст, кунҷораи соя ва якчанд намуди маҳсулоти дигар омода мегардад.

Аснои шиносоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибкор барои саҳми арзанда гузоштан дар ободии диёр изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва рушди соҳаи паррандарварию моҳипарварӣ шароити лозимаро фароҳам овардааст, дар ин росто танҳо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ метавонад дар самти ба даст омадани муваффақиятҳои баланд замина гузорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода